• Эрони исломӣ якпорча ғарқ дар мотам шуд

Бо фарорасидани ошуро, рӯзи барафрошта шудани пурғурури парчамҳои сурхи озодагӣ ва шӯри ҳусайнӣ, саросари Эрони исломиро фаро гирифт.

Мардуми азодори Эрони исломӣ бо ҳузур дар масоҷид, ҳусайнияҳо ва такоё дар рӯзи ошурои ҳусайнӣ (а) бо ташкили дастаҳои синазанӣ ва занҷирзанӣ барои мазлумияти шуҳадои Карбало, азодорӣ мекунанд.

Гурӯҳҳои мухталифи мардум иборат аз пиру ҷавон ва зану мард бо ширкат дар ин маросим дар ғами шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) азодорӣ мекунанд ва бар сару сина мезананд.

Ашку андӯҳ барои мусибат ва ситаме, ки фарзандони шайтон бар ашрафи аввалоди одам раво доштанд, дар канори фарёди дӯрбод нангу зиллат аз мо, маросими рӯзи ошуроро дар ҳари такоё ва ҳусайнияе пуршукуҳ ва илҳом бахш кардааст.

Дастаҳо ва гурӯҳҳои азодорӣ дар сафҳои муназзам ва фишурда аз нахустин соатҳои субҳи имрӯз ба занҷирзанӣ, синазанӣ ва навҳахонӣ пардохтанд ва дар азо ва мотами сарвар ва солори шаҳидон ва ёрони бовафои эшон ашки мотам рехтанд.

Имрӯз панҷшанбе даҳумин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ, (20 сентябр 2018), рӯзи ошурои ҳусайнӣ аст.

Рӯзи даҳуми муҳаррам, солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон, ҳазрати имом Ҳусайн (а) намебари гииомии Пайёмбари ислом(с) аст, ки дар даҳуми муҳарами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало дар сини 57 солагӣ, шаҳид шуданд.

 

Сентябр 20, 2018 16:13 Asia/Dushanbe
Назарҳо