• Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Эрон: Ширкатҳои кореяӣ ба ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон идома хоҳанд дод

Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Эрон дар дидор бо Муҳаммадризои Бахтиёрӣ  муовини умури байналмилалии Утоқи бозаргонии Теҳрон тасреҳ кард, ширкатҳои Кореяӣ бо вуҷуди таҳримҳои Амрико ба ҳамкории иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрони идома хоҳанд дод.

Рю Ҷонг Ҳён ахбори бархе расонаҳо мабнӣ бар қатъи равобити тиҷории ширкатҳои кореяӣ бо Эронро беасос хонд ва гуфт: Кореяи Ҷанубӣ алоқаманд ба ҳифзу густариши равобит бо Эрон аст.

Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки ширкатҳои кореяӣ ба нафти Эрон вобастаанд, афзуд: Сеул ба дунболи музокира бо Амрико аст то битавонад муофиятҳои лозим барои идомаи хариди нафт аз Эронро касб кунад.

Рю Ҷонг Ҳён таъкид кард: Сиёсати Сеул мутанаввеъ кардани равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо кишварҳои мухталиф ба вижаи кишварҳои осиёӣ, аъзои Иттиҳодияи кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё (ASEAN) иқтисодҳои муҳимме монанди Ҳинд ва Эрон, ки дар минтақаи дорои эътибор ва нуфуз ҳастанд аст.

Амрико баъд аз хуруҷ аз БАРҶОМ (8 май) дар пайи фишор ба Эрон аст. Дар ҳамин росто, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико 6 август дар фармоне баъзе таҳримҳои ғайриқонунии ин кишварро алайҳи Эрон бозгардонад.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст.

 

Барчасп

Сентябр 21, 2018 17:15 Asia/Dushanbe
Назарҳо