• Шаҳодати имом Саҷҷод (а) таслият бод

Фардо давоздаҳуми моҳи Муҳаррами 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 22 сентябри 2018 мусодиф бо солрӯзи шаҳодати имом Саҷҷод (а) аз наберагони поки ҳазрати Расул (с) аст.

Имом Саҷҷод бо баҳра бурдан аз забони дуо ва хитоба, ба иршод ва роҳнамоии мардум мепардохтанд ва ҳосили андешаҳои маърифатшиносонаи вай дар қолаби ниёйиш ва дуо дар китоби Саҳифаи Саҷҷодия гирдоварӣ шудааст .

Имом Алӣ ибни Ҳусайн (а) дар шаъбони соли 38 ҳиҷрӣ дар Мадина дида ба ҷаҳон гушуданд ва ба муддати 23 сол аз сарчашмаи дониши падари гиромиашон имом Ҳусайн (а) баҳраманд шуданд.

Вай ба иллати посухи дақиқ ба ҳар пурсиш ва фузунии ибодату ниёйиш, сарвару зинатбахши ибодаткунандагон ном гирифтанд.

Имом Саҷҷод (а) ба иллати беморӣ натавонистанд дар ҳамосаи ошӯро ҳузур ёбанд, аммо бо вуҷуди чунин шароите ҳамчунон ба дифоъ аз ҳаққонияти Ислом пардохтанд.

Эшон пас аз шаҳодати имом Ҳусайн (а) ва бо бар уҳда гирифтани рисолат, дар расондани паёми ҳамосаи ошӯро ба ҷаҳониён бисёр кушиданд ва бо хондани хутбаҳое машҳур ва кубанда, дар расво сохтани душманон ва дифоъ аз аҳли байт (а), нақши бисёр муҳимеро ифо карданд.

Имом Саҷҷод (а), пешвои тақво ва бурдборӣ дар 55 солагӣ ба дастури Ҳишом ибни Абдулмалик дар Мадина масмум шуданд ва ба шаҳодат расиданд.

Пайкари мутаҳҳари эшон дар оромгоҳи Бақиъ дар канори амӯи бузургворашон, имом Ҳасани Муҷтабо (а) ба хок супурда шуд.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Саҷҷод (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон таслият мегӯяд.

 

Сентябр 21, 2018 21:06 Asia/Dushanbe
Назарҳо