• Оғози ҳафтаи Дифои Муқаддас дар Эрони исломӣ

Имрӯз (шанбе), 22 – юми сентябр, баробар бо солрӯзи шурӯи ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ бо ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Артиши мутаҷовизи режими Саддом (диктатори эъдомшудаи Ироқ) 31 - уми шаҳривармоҳи соли 1359 (сентябри соли 1980) бо ин тасаввур, ки дар муддати як ҳафта Теҳронро фатҳ хоҳад кард, таҳоҷуми густардаеро бо бакоргирии анвои ҷангафзорҳо ба Эрон оғоз кард.

31 – уми шаҳривармоҳ дар тақвими муносибатҳои Эрон оғози ҳафтаи Дифои Муқаддас аст. Дар ин як ҳафта маросими мухталифе дар саросари Эрони исломӣ баргузор мешавад.

Режими баъси Ироқ 38 соли пеш бо ҳадафи барандозии низоми навпойи ҷумҳурии исломии Эрон бо кумаки ҳамаҷонибаи истикбори ҷаҳонӣ, ҷанге тамом айёрро ба Эрони исломӣ таҳмил кард, ки ҳашт сол тӯл кашид.

Артиши режими баъси Саддом дар муддати ҳашт соли ҷанг бо Эрони исломӣ аз ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи қудратҳои истикборӣ ва кумаки фаровони кишварҳои арабии минтақаи халиҷи Форс бархӯрдор буд ва мошини ҷангии ӯ дар хидмати аҳдофи бегонагон дар минтақа қарор гирифт.

Таҷрибаи даврони ҳашт соли Дифои Муқаддас нишон дод, бо вуҷуди ҳамаи тангноҳову фишорҳо ва набуди эътибороти моливу мушкилоти фаровон, метавон бо азми росиху таваккул бар Худованди мутаъол, дар баробари зӯргӯии қудратҳои ҷаҳонӣ истод.

 

Сентябр 22, 2018 09:50 Asia/Dushanbe
Назарҳо