• Зариф: Ҳомиёни терроризм арбобони амрикоии онҳо масъули ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз ҳастанд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ ба маросими режа(парад)-и нерӯҳои мусаллаҳ дар Аҳвоз (ҷануби ғарби Эрон), гуфт, Эрон, ҳомиёни терроризм дар минтақа ва арбобони амрикоии онҳоро барои чунин ҳамалоте, масъул медонад.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи шанбе дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер”, бо таъкид бар инки Эрон қотеъона ба ҳамалоти террористии Аҳвоз посух хоҳад дод, тасреҳ кард, террористҳои истихдом шуда, омӯзиш дида, мусаллаҳ шуда ва таъмин шуда, тавассути як режими хориҷӣ ба Аҳвоз ҳамла кардаанд.

Вай бо баёни инки кӯдакон ва хабарнигорон дар миёни қурбониён ҳастанд, таъкид кард, Эрон, дар дифо аз эрониён, қотеона ва сареъ посӯх хоҳад дод.

Дар ҳамлаи террористии имрӯз (шанбе) гурӯҳи мавсӯм ба ҷараён «Ал Аҳвозия» ба маросими режа(парад)-и нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз дар ҷануби ғарби Эрон, 11 нафар аз нерӯҳои мусаллаҳ ва мардуми ғайринизомӣ ба шаҳодат расиданд ва беш аз 20 нафар захмӣ шуданд.

Бо ҳӯшёрии нерӯҳои амниятии Эрон, се омили террористӣ ба ҳалокат расида ва яке аз террористҳо ҳам дастгир шудааст.

Гурӯҳи террористии «Ал Аҳвозия» масъуляти ин ҳамлаи террористиро бар ӯҳда гирифт.

Аносури ин гурӯҳи террористӣ пештар низ ба самти Корвонҳои роҳёни нур дар солҳои гузашта, тирандозӣ кардаанд.

 

Барчасп

Сентябр 22, 2018 17:08 Asia/Dushanbe
Назарҳо