• Ҳамлаи террористии Аҳвоз нишонае аз шикаст ва ноумедии душманони миллати Эрон

Имрӯз 31 шаҳривар моҳ барои мардуми саросари Эрони як рӯзи хос буд. Рӯзе, ки мусодиф аст, бо ағози ҷанги таҳмилӣ ва ҳафтаи дифои муқаддас номгузорӣ шудааст.

Аммо имрӯз дар нахустин сооти субҳ, замоне, ки рижаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба муносибати гиромидошти ҳафтаи дифои муқаддас шуруъ шуда буд, шаҳри Аҳвоз, ки даврони дифои муқаддас яке аз устураҳои муқовимат ва пирӯзӣ буд, ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, то ёдовари ниёти палиде бошад, ки оғозгарони ҷанги 38 соли пеш дар сар доштнд.

Дар ин ҳамлаи террористӣ шуморе аз мардумоне, ки ба тамошои рижаи иқтидоромези нерӯҳои мусаллаҳи Эрони исломӣ истода буданд, ҳадафи ҳамлаи ноҷавонмардона қарор гирифтанд.

Дар ҳамлаи террористии имрӯз, ки гурӯҳе мавсум ба ҷарёни Алаҳвозия худро омили ин ҷиноят муаррифӣ кард, 11 нафар ба шаҳодат расиданд ва беш аз бист нафар ҳам захмӣ шуданд .

Ончи имрӯз дар Аҳвоз рақам хурд, нишон аз ду воқеият дорад.

Нахуст онки хусумату кинаварзии душманону ҳисади онон нисбат ба миллати сарбаланди Эрони тамомнашуданӣ аст.

Барои онҳо тафовуте надорад, ки чи касонеро ҳадаф қарор медиҳанд. Фақат мехоҳанд, ба дунё нишон диҳанд, ки ҳануз тавони куштани занону кӯдаконро ҳамчун даврони ҷанги таҳмилӣ доранд.

Воқеияти дувум, идомаи ҳадафманди ҷарёне сериалӣ аст, ки зеҳнро маътуф ба тарҳи ноамнсозии Эрон месозад. Ин ҳамла аммо ба маънии ноумедӣ аз эҷоди нооромиҳои хиёбонӣ дар Эрон аст, ки ба тарҳи тобистони доғ машҳур шуд ва нокомии ин тарҳ боис шуд, ки дубора ба ҳамалоти террористӣ ва куштори мардум рӯй оваранд.

Дар айни ҳол сухани Эрон посухе хурдкунанда ба ҳамаи ҷарёнҳо ва аносурест, ки бадунболи моҷароҷуӣ ва озмудани дубораи хатоҳои гузаштаи худ ҳастанд .

Онгуна, ки Муҳаммадҷаводи Зариф, дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Эрон, ҳомиёни тероризм дар минтақа ва арбобони амрикоии онҳоро барои чунин ҳамалоте масъул медонад ва қотеона ба ҳамалоти террористии Аҳвоз посух хоҳад дод .

 

Сентябр 22, 2018 18:12 Asia/Dushanbe
Назарҳо