• 25 шаҳид ва 60 захмӣ охирин омор аз теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз  

Муовини сиёсӣ иҷтимоии устондори Хузистон (ҷануби ғарби Эрон) гуфт, бар асари ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз, 25 нафар шаҳид ва 60 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористӣ такфирии «Ал Аҳвозия», ки мавриди ҳимояти Лондон ва Риёз асту соли гузашта низ ба корвони боздид аз манотиқи роҳёни нур ҳамла кард, рӯзи шанбе аз парке дар ҳошияи баргузории режа(парад)-и нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз ба самти мардуми тамошочӣ, тирандозӣ кард.

Алиҳусайни Ҳусайнзода дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, расидагӣ ба ҳоли соири маҷрӯҳони ин ҳамлаи террористӣ, идома дорад.

Ҳусайнизода тасреҳ кард, ҳар чаҳор террористи омили ин ҳамла ба ҳалокат расиданд.

Ҳамлаи террористӣ ба мардуми тамошочӣ дар режаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз ба маънии ноумедии душманон аз эҷоди нооромиҳои хиёбонӣ дар Эрон аст, ки ба тарҳи «тобистони доғ», машҳӯр шуд ва нокомии ин тарҳ боис шуда аст, ки душманон дубора ба ҳамалоти террористӣ ва куштори мардум рӯ оваранд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвар ва Ғуломризо Шариатӣ, устондори Хузистон ба бархӯрди қотеъ бо авомили террористии ҳамла дар Аҳвоз таъкид кард.

 

Сентябр 22, 2018 19:20 Asia/Dushanbe
Назарҳо