• Эрон аз ҷинояти Аҳвоз намегузарад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Бетардид ин кишвар аз ҷинояти террористии Аҳвоз намегузарад ва посухи қотеъ ба террористҳо хоҳад дод.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Руҳонӣ рӯзи якшанбе пеш аз сафар ба Ню-Йорк барои ширкат дар ҳафтоду сеюмин нишасти Маҷмаи умумии Созмони милал, ҳодисаи рӯзи гузаштаи Аҳвозро бисёр ғамангез тавсиф кард ва афзуд: Комилан барои мо равшан аст, чӣ касоне ин корро анҷом дода ва ба куҷо вобастаанд. Онҳое ки иддаои ҳуқуқи башарро такрор мекунанд, бояд посухгӯ бошанд .

Вай бо ишора ба истодагии мардуми Аҳвоз дар солҳои ҷанги таҳмилӣ ёдовар шуд: Бисёр мутаассифам, ки дар ин ҷиноят бачаҳое, ки бояд ин рӯзҳо ба мадраса мерафтанд ба шаҳодат расиданд ва падару модарҳое, ки бояд фарзандони худро барои мадраса гусел мекарданд, бегуноҳ ва мазлумона шаҳид шуданд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Амрико мехоҳад дар Эрон ноамнӣ эҷод кунад, аммо муваффақ нахоҳад шуд.

Руҳонӣ ҳамчунин бо баёни ин ки шароити ҷаҳонии имрӯз муносиб нест, тасреҳ кард: Амрико аз Созмони милали муттаҳид сӯиистифода мекунад, дар ҳоле ки бояд ихтиёроти ин кишвар мушобеҳи ҳамаи кишварҳо дар Созмони милал бошад.

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва таҳримҳои золимона зидди Эрон ҳам таъкид кард: Амрико мехоҳад мардуми Эронро аз тасмими худ барои истиқлол пушаймон кунад, аммо дар расидан ба аҳдофи шуми худ ноком хоҳад монад.

Ҳасани Руҳонӣ имрӯз барои суханронӣ ва баёни мавозеи Эрон дар хусуси охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ дар ҳафтоду сеюмин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид ба Ню-Йорк сафар кард.

 

Сентябр 23, 2018 13:33 Asia/Dushanbe
Назарҳо