• Баёнияи созмонҳои ғайридавлатии Эрон дар қиболи иқдомоти якҷонибаи Амрико зидди Теҳрон

Созмонҳои ғайридавлатии Эрон иқдоми хилофи урфи байналмилалии Амрико дар хуруҷ аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ-ро нақзи мусаллами ҳуқуқи башар донистанд.

Ҷамъе аз созмонҳои ғайридавлатии Эрон бо имзои баёнияе эълом карданд, маҳдудиятҳои Амрико зидди Эрон дар ҳавзаи саломату беҳдошт, нигаронкунандатар аз дигар бахшҳо буда ва ҷони бисёре аз беморон аз ҷумла беморони хос ва саъбулилоҷро таҳдид мекунад .

Имзокунандагони ин баёния ҳамчунин ин саволро матраҳ карданд, ки бо маҳдудиятҳои Амрико зидди як кишвари мустақил, мардуми оддӣ бо чи ҷурме аз имкони дастрасӣ ба ғизо, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ маҳрӯм мешаванд .

Имзокунандагон ба намояндагӣ аз ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои ғайридавлатии Эрон, аз тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои маданӣ хостанд, ки барои таҳаққуқи сулҳи пойдор ва фарогир ва шикастани таҳримҳои ноодилонаи зидди миллати Эрон талош кунанд.  

Раисҷумҳури Амрико, ҳаштуми майи 2018 хуруҷи якҷонибаи кишвараш аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳо зидди Эронро эълом кард .

 

Барчасп

Сентябр 23, 2018 20:21 Asia/Dushanbe
Назарҳо