• Маросими ҷанозаи  пайкарҳои шаҳидони ҳодисаи террористии Аҳвоз

пайкарҳои шаҳидони ҳамлаи террористии Аҳвоз бо ҳузури мақомоти лашкарӣ ва кишварӣ бар души мардуми муқовим ва сабури ин шаҳр ба хок супорда шуд.

Субҳи рӯзи шанбе дар ҳошияи баргузории ойини режаи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Аҳвоз, террористҳо аз як  парк, ки  дар атрофи маҳалли баргузории маросим буд ба самти мардуми тамошобин тирпаронӣ карданд, ки бар асари ин ҳамла 25 тан шаҳид ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.

Image Caption


Муҳсени Ризоӣ Дабири маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар маросими ҷанозаи шаҳидон бо баёни ин ки ҷинояти террористӣ дар Аҳвоз, натиҷаи шикасти истикбори ҷаҳонӣ дар баробари муқовимати миллати Эрон аст таъкид кард: Душманони Ҷумҳурии исломии Эрон наметавонанд  амнияти инқилоби исломиро ба хатар бияндозанд.

Ризоӣ таъкид кард: Агар душманон қасди зарба задан ба амнияти Эрон ва даст задан ба ин гуна иқдомоти террористӣ дошта бошанд бо посухи қотеъ ва кубандаи Эрон ру ба ру хоҳанд шуд.

Ҳайъати давлати Эрон низ имрӯз (душанбе)-ро дар саросари ин кишвар азои умумӣ эълом кард ва ҳамаи идораҳо, созмонҳои давлатӣ, мактабҳо ва донишгоҳҳо дар вилояти Хузистон дар ҷануби ғарби Эрон таътил (баста) аст.

Сентябр 24, 2018 13:35 Asia/Dushanbe
Назарҳо