• Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ: Гӯшмолии сахте ба авомили буздили ҳодисаи талхи Аҳвоз хоҳем дод

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳамла ба афроди бедифоро, коре буздилона хонданд ва таъкид карданд, мутмаиннан гӯшмолии сахте ба авомили ҳодисаи талхи Аҳвоз хоҳем дод.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи душанбе дар дидори ҷамъе аз варзишкорони медаловар ва ғурурофарини Эрон дар бозиҳои Осиёии 2018-и Индонезия, бо ишора ба ҳодисаи террористии рӯзи шанбе дар Аҳвоз афзуданд, ин ҳодисаи талх бори дигар нишон дод, ки миллати Эрон дар роҳи пурифтихори пешрафт ва эътило, душманони зиёде дорад.

Эшон тасреҳ карданд, бар асоси гузоришҳо, ин кори буздилона, кори ҳамон афроде аст, ки ҳарҷо дар Сурия ва Ироқ гирифтор мешаванд, амрикоиҳо наҷоташон медиҳанд ва дасташон дар ҷайби Саудӣ ва Имороти арабӣ аст.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин дар табйини иллати мухолифат бо мусобиқа додан бо намояндагони режими саҳюнистӣ хотирнишон карданд, Ҷумҳурии исломӣ аз ибтидои инқилоб, режими саҳюнистӣ ва режими нажодпарасти Афрқои Ҷанубиро ба расмият нашинохт, албата режими опортойди Афрқои Ҷанубӣ суқӯт кард ва режими ғосиб, каззоб ва нажодпарасти саҳюнистӣ низ соқит хоҳад шуд.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, ифтхорофаринии духтарон ва писарони медоловари Эрон дар мусобиқоти ҷаҳониро мӯҷиби хурсандии миллатҳои озода ва дар айни ҳол асабонияти ҷабҳаи истикбор донистанд ва афзуданд, мустакбирон аз пирӯзии миллати Эрон дар ҳар арсае хашмгин мешаванд, бино бар ин пирӯзии шумо дар воқеъ пирӯзии миллат ва шикасти ҷабҳаи васеъи душманони Эрон аст.

 

 

Сентябр 24, 2018 21:06 Asia/Dushanbe
Назарҳо