• Сездаҳуми обон: Оинаи тамомнамо аз хусумати Амрико бо Эрон

Инқилоби Исломӣ бо шиори «истиқлол, озодӣ, ҷумҳурии исломӣ», дар Эрон ба пирӯзӣ расид ва ин пирӯзӣ бар султаи Амрико бар миллати Эрон нуқтаи поён гузошт.

Инқилоби Исломи дар Эрон, аммо илова бар таъсири амиқе, ки дар равобити иҷтимоии миллати Эрон ва арзишҳои ҳоким бар ҷомеаи Эрон гузошт, низоми байналмилали ҳоким ва вазъи мавҷуди ҷаҳонро низ дучори тазалзул ва тағйироти асосӣ кард ва қоидаҳо ва меъёрҳои ноодилонаи ҳоким бар равобити байналмилал ва низоми ҷаҳониро ба чолиш кашид.

Аз дидгоҳи бисёре аз соҳибназарони байналмилалӣ, маркази сиқл(муҳим)-и сиёсати хориҷии Амрико (бавижа дар минтақа) бар ҷараёни барандозии нарм мутамаркиз шудааст.

Профессор John Mearsheimer, устоди Донишгоҳи Чикаго дар семинаре, ки дар моҳи ноябри 2017 дар Теҳрон, ки бо унвони «чашмандози назми минтақаии ғарби Осиё аз нигоҳи Эрон ва Амрико» дар Теҳрон баргузор шуд, бо ишора ба равандҳои сиёсати хориҷии Амрико дар байни солҳои 2002 то 2017 ва тайи даврони пас аз ёздаҳи сентябр, мегӯяд: “тағйири режим ба яке аз аҳдофи сиёсати хориҷии Амрико дар Ховари Миёна табдил шуда ва талошҳое барои эъмоли он дар 5 кишвари Афғонистон, Ироқ, Сурия, Либия ва Миср анҷом шуд.”

Хусуматварзии Амрико бо Эрон аз ибтидои инқилоб

Хусуматварзиҳои Амрико зидди Эрон дар воқеъ ҳеҷгоҳ мутаваққиф нашудааст. Таҷрубаи БАРҶОМ низ нишон дод, ки ҳаргиз набояд ба Амрико эътимод кард. Давлати Амрико борҳо бо нақзи ваъдаҳо ва тааҳҳудоти худ нишон додааст, ки ба думболи осеб задан ба миллати Эрон ва нобудии низоми Ҷумҳури исломӣ аст."

Носир Ҳодиён, устоди донишгоҳ ва соҳибназари масоили байналмилал дар таҳлили ин ҷараён мегӯяд: “Ин фишорҳо ба хотири Исроил аст. Амрико сиёсати тағйири режими Эронро думбол мекунад. Дар ин замина шаш ҷараён пайгири табдил кардани сиёсати тағйири режими Эрон ба аввлавият дар сиёсати Амрико нисбат ба Эрон будаанд. Исроил, лобиҳои Исроил, Арабистон, лобиҳои Арабистон, мунофиқин ва муҳофизакорони ҷадид. Ин гурӯҳҳо дар давраи раисони ҷумҳури мутафовити Амрико талош мекарданд, Эронро ба унвони таҳдиди аслӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд, аммо Трамп ба думболи идғом ва ибҳоми таҳдидҳо аст то натиҷа бигирад, ки ин моҳият ва зоти низом дар Эрон аст, ки мушкилсоз аст ва на рафторҳои мавридӣ.”

Истодагии миллати Эрон муқобили низоми султа дар партави ҳушмандии раҳбари инқилоб

Аммо миллати Эрон бо пойбандӣ ва истодагӣ муқобили низоми султа дар партави ҳушмандии раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, нишон дод, ки бо такя бар андешаҳои инқилобии имоми роҳил, идома диҳандаи ин роҳ аст ва то замоне, ки ин рӯҳия ва ин шохисҳо вуҷуд дорад, ҳеҷ қудрате наметавонад осебе ба миллати Эрон бизанад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар суханоне дар маросими танфиз(тасдиқ)-и ҳукми раёсатҷумҳурии давраи 12-ум ба ин воқеият ишора ва хотир нишон карданд: “Дар ин солҳо, бархеҳо ҳамчун масъулони феълии Амрико, ба сароҳат бо миллати Эрон, душманӣ карданд ва тарфанди бархеҳо ҳам ҳамчун дасти чудан(оҳан)-ӣ дар дасткаши махмалӣ буд, аммо ҳамаи ин тарроҳиҳо мӯҷиб шуд, эътимод ба нафси мардум ва масъулон афзоиш ёбад ва роҳҳои муқобила бо тарфандҳои душманро биёбанд.”

Ин ҳақоиқи бахше аз воқеиятҳо дар воковии иллатҳо ва решаҳои душмании Амрико бо Эрон аст. Ҷумҳурии исломӣ, аммо бо такя бар қудрати мардум дар баробари қудратҳои истикборӣ ва бавижа Амрико истод ва тайи 40 соли гузашта, тавтеаҳои ононро ба шикаст кашондааст.

Аз ин рӯ аст, ки 13 обон (4 ноябр) ба намоди ваҳдати эрониён муқобили Амрико табдил шудааст ва миллати Эрон дар ин рӯзи таърихӣ, инзиҷори амиқи худро аз давлати Амрико ба намоиш мегузорад.

Миллати Эрон дар 13 обони имсол низ бо ҳузури якпорча дар роҳпаймоии явмуллоҳи 13 обон, бори дигар ваҳдат ва инсиҷоми миллиро ба рухи ҷаҳониён мекашад ва ба истикбори ҷаҳонӣ нишон хоҳад дод, ки ҳаргиз таслими фишорҳои Амрико намешавад.

 

 

Ноябр 04, 2018 13:27 Asia/Dushanbe
Назарҳо