Ҷой ҷои Эрони исломӣ дар сӯги ҷонсӯзи ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва шаҳодати имом Ҳасани Муҷтабо (а) дар андӯҳу азо фурӯ рафтааст.

Имрӯз чаҳоршанбе 28 сафари соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 7-уми ноябри 2018 солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом (с) ва солрӯзи шаҳодати набераи он ҳазрат, имом Ҳасан Муҷтабо (а) аст.

Эрони исломӣ имрӯз саросар сиёҳпӯш аст ва мардуми муъмин ва дӯстдори аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар сӯги солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а) азодорӣ мекунанд.

Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас ва ҳазрати Маъсума (а) дар Қум, дар ин рӯзҳо мамлув (моломол) аз азодорон буд.

Паёмбари гиромии Ислом (с) то қабл аз реҳлаташон дар соли 11 ҳиҷрии қамарӣ, бо меҳрубонӣ, аҳком ва мабонии шариати Исломро ба шеваҳои писандида ва дар айни ҳол, матин ва маҳкам баён карданд ва дар тарвиҷ ва нашри маорифи дин ва ҳидояти мусулмонон кушиданд.

Ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а) низ, ки ҳудуди 30 сол аз умрашонро дар канори падари бузургаворашон ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (раз.) буданд дар 28 сафари соли 50 ҳиҷрии қамарӣ дар синни 47-солагӣ ба дасти ҳамсараш масмум(заҳролуд) шуданд ва ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп

Ноябр 07, 2018 16:41 Asia/Dushanbe
Назарҳо