• Фаро расидани солрӯзи шаҳодати Имом Ризо (а) таслият бод

Панҷшанбе 29-уми сафари 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо ҳаштуми ноябри 2018, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Ризо (а), набераи гиромии Паёбари ислом (с) аст.

Ҳазрати имом Ризо (а) дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушӯданд ва дар охирин рӯз аз моҳи сафари соли 203 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

Даврони ҳаёт ва имомати ҳазрати имом Ризо (а), даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳли байти исмат ва таҳорат (а) ва густариши пойгоҳҳои мардумии хонадони аҳли байти Паёмбар (с) аст.

Бо авҷгирии тамоюлоти мардум ба имом Ризо (а), Маъмун халифаи Аббосӣ бо дасисачинӣ эшонро масмум ва шаҳид карданд.

Мардуми Эрони исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) бо ҳузур дар ҳусайнияҳо, масоҷид, ҳарами мутаҳҳари эшон дар шаҳри Машҳад дар шимолушарқи Эрон ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (а) дар шаҳри муқаддаси Қум, азодорӣ мекунанд.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.

 

Барчасп

Ноябр 07, 2018 21:37 Asia/Dushanbe
Назарҳо