• Коргардони эронӣ профессори ифтихории Академияи филми Пекин шуд

Маҷиди Маҷидӣ, коргардони эронӣ, унвони профессори ифтихории Академияи филми Пекинро дарёфт кард ва устоди ифтихории ин академия шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар маросиме, ки шомгоҳи сешанбе дар Академияи филми Пекин баргузор шуд, унвони ифтихории ин академия ба далели фаъолитҳои барҷастаи Маҷиди Маҷидӣ дар арсаи филм ва синамо ба коргардони эронӣ эъто(дода) шуд.

Ҳамчунин дар ин маросим, ки бо ҳузури беш аз 700 нафар аз филмсозон ва донишҷӯёни ришта(бахш)-ҳои филмсозии Чин баргузор шуд, аз ду филми Маҷиди Маҷидӣ ба номҳои “Бачаҳои осмон” ва “Овози гунҷишкҳо” ба унвони манобеи омӯзишии Академияи филми Чин рӯнамоӣ шуд.

Академияи филми Пекин, ки дар соли 1950 таъсис шуда, бузургтарин академияи филми Осиё аст.

Академияи филми Пекин дар ҳоли ҳозир дорои 4 ҳазор донишҷӯ дар се сатҳи коршиносӣ, коршиносии аршад ва докторо аст.

Маҷиди Маҷидӣ ба даъвати Бунёди филми Чин ва барои суханронӣ ва ширкат дар нишасти солонаи коргардонони ҷавони Чин ба ин кишвар сафар кардааст.

 

Ноябр 07, 2018 22:29 Asia/Dushanbe
Назарҳо