• Беэътиноии Покистон ба таҳримҳои Амрико зидди Эрон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон эълом кард, бо вуҷуди таҳримҳои Амрико зидди Эрон, Исломобод равобити худро бо Теҳрон густариш ва мубодилоти тиҷорӣ бо ҳамсояи худро беш аз пеш афзоиш хоҳад дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Файсал рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон бо эъломм ҳимоят аз БАРҶОМ таъкид кард, давлати Покистон дар пайи эъмоли таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Эрон ҳамчунон ба ҳамкориҳои худ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ идома хоҳад дод.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ ва таърихии ду кишвари Эрон ва Покистон афзуд, ду кишвар ҳамсоя дар тӯли таърих аз равобити наздик ва бародарона бархурдор будаанд ва ин равобитро ҳамчунон ҳифз хоҳанд кард.

Муҳаммад Файсал ҳамчунин дар бораи охирин вазъияти марзбонони рубуда шудаи эронӣ дар марзи Мирҷова, тасреҳ кард, Покистон бо мақомоти эронӣ дар ин замина, ҳамкории наздик дорад.

 

Барчасп

Ноябр 08, 2018 19:53 Asia/Dushanbe
Назарҳо