• Иҷрои ҳукми эъдоми ду муфсиди иқтисодӣ дар Эрон

Саҳаргоҳи чаҳоршанбе 23 обон баробар бо 14 ноябр ҳукми эъдоми Ваҳиди Мазлумин ва Муҳаммадисмоили Қосимӣ ба ҷурми “фасодкорӣ дар замин” ба иҷро гузошта шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Додсарои умумӣ ва инқилоби Теҳрон, Ваҳиди Мазлумин ва Муҳаммадисмоили Қосимӣ ба иттиҳоми “фасодкорӣ дар замин” аз тариқи ташкили шабакаи ихлол(эҷоди халал) дар низоми иқтисодӣ, арзӣ ва пулӣ ва анҷоми муомилоти ғайриқонунӣ ва ғайримаҷоз ва қочоқи умда ва калони арз ва сикка ба дори муҷозот овехта шуданд.

Бино бар эъломи ин пойгоҳ, Мазлумин бо ин ки муҷаввизи хариду фурӯши сикка ва арзро надошт бо эҷоди бонди созмонёфта, бузургтарин шабакаи ихлоли арзӣ ва хариду фурӯши бидуни муҷаввизи сиккаро ташкил дод.

Муҳаммадисмоили Қосимӣ маъруф ба Муҳаммади Солим низ яке аз аъзои ин шабака буд ва тарокуниш(гардиш)-и молии шахси ӯ дар ин шабака, чаҳор ҳазору 834 миллиард тумон будааст.

Аз ҷумла вижагиҳои фаъолияти муҷримонаи ин гурӯҳ радду бадал кардани ғайри воқеӣ ва сирфан шафоҳии қимати арз ва сикка буда, ки нақши басазое дар афзоиши қиммати доллар дар Эрон доштааст.

Шабакаи Мазлумин бо хариду фурӯши умда ва калони коғазӣ ва муомилоти фардоӣ, бозори арз ва сиккаро мултаҳиб(ошӯфта) мекарданд.

Аз иқдомоти ғайри муҷози дигар ин шабака, хурӯҷи манобеи молӣ ба сурати ғайриқонунӣ аз Эрон будааст.

Дар ин парванда пас аз итмоми таҳқиқот ва судури қарори муҷримият ва кайфархост ба истиноди маводи қонунӣ, аз ҷумла маводи 1 ва 2-и Қонуни муҷозоти ихлолгарон дар низоми иқтисодии Эрон, парванда ба шӯъбаи дувуми додгоҳи вижа ирсол ва бо таъйини вақт ва бо ҳузури вакилон, муттаҳамин ва намояндаи додситонӣ, расидагӣ ва тайи додномаи муаррихи 4/7/97 (26 сентябр 2018) аъзои дастгир шудаи шабакаи Ваҳиди Мазлумин, маҳкум гардиданд.

Парвандаи эътирози вакилони маҳкумин ба эъдом, ба Девони олии кишвар ирсол ва шӯъбаи 41-и Девони олӣ бо расидагии додномаи содира, ҳукми эъдомро тасдиқ ва таъйид кард.

Дар ин парванда, Ваҳиди Мазлумин ва Муҳаммадисмоили Қосимӣ ба эъдом ва соирин ба ҳабс маҳкум шуданд.

 

Ноябр 14, 2018 17:49 Asia/Dushanbe
Назарҳо