• Хушрӯ дар дидори Гутерреш: Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар муқобили иқдомоти худсаронаи Амрико истодагӣ кунад

Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал рӯзи ҷумъа дар дидори худоҳофизии худ бо Антониу Гутерреш, дабири кулли ин созмон таъкид кард, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар муқобили иқдомоти худсарона ва фароқонунии Амрико истодагӣ кунад.

Ба гузориши ИРНА, Ғуломалӣ Хушрӯ дар ин дидор бо ташреҳи хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом ва таҳдиди кишварҳои узв дар ҳамкорӣ бо Эрон гуфт, дар таърихи Созмони Милал собиқа надоштааст, ки як узви доими Шӯрои амният бақияи аъзои Созмони Милалро ба далели пойбандӣ ба қатъномаҳои шӯро муҷозот кунад.

Намоянда доими Эрон дар Созмони Милал аз Гутерреш хост, нисбат ба қонунгурезӣ ва эъмоли таҳрим зидди Эрон мавзеъгирӣ кунад.

Хушрӯ ҳамчунин ҳамалоти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар Яманро фоҷеаи амиқи инсонӣ хонд ва хостори поён додан ба ин ҷанги хонумонсӯз ва оғози мусолиҳаи сиёсӣ байни тарафҳои даргир дар Яман шуд.

Гутерреш низ дар ин дидор бар лузуми чандҷонибагароӣ дар баробари чолишҳои ҷаҳонӣ таъкид ва изҳори умедворӣ кард, ҷанг дар Яман ба зудӣ хотима ёбад то аз ин фоҷеаи инсонӣ ҳар чӣ зудтар ҷилавгирӣ шавад.

Дар поёни ин дидор намояндаи доими Эрон дар СММ тоблуфарши тасвири Гутеррешро, ки бо ҳунарнамоии ҳунармандони эронӣ бофта шуда буд, ба вай тақдим кард то дар намоишгоҳи собити СММ мавриди боздиди ҳамагон қарор гирад.

Гутерреш пас аз дарёфти ин тоблуфарш ба умқ ва густараи фарҳанги Эрон ишора кард ва шеър, наққошӣ, меъморӣ ва фаршбофии Эронро мавриди ситоиш қарор дод.

Хушрӯ дар ин дидор бо дабири кулли СММ худоҳофизӣ кард ва изҳор дошт, бо таваҷҷуҳ ба ислоҳияи ҷадиди қонуни бознишастагии Эрон, маъмурияти вай дар 17 ноябр поён меёбад.

 

Ноябр 17, 2018 09:55 Asia/Dushanbe
Назарҳо