Декабр 08, 2018 21:12 Asia/Dushanbe

Раисони маҷолиси Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия дар баёнияи поёнии конфронси Теҳрон низ бар ҳамафзоӣ барои муқобила бо терроризм ва тақвияти ҳамкории минтақаӣ, таъкид карданд.

Раисони маҷолиси Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия дар ин баёния бо ибрози нигаронӣ аз асароти вайронгари терроризм бар сулҳ, амният ва тавсеа, решакан кардани тамомии шаклҳои терроризм дар минтақа, канор гузоштани меъёрҳои дугона дар муқобила бо терроризм ва тақвияти гуфтугӯро зарурӣ донистанд.

Раисони маҷолиси Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия ҳамчунин аз тамомии талошҳо барои дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон ва ҳазфи таҳдидоти минтақаии терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир истиқбол карданд.

Онон мавзӯи Ҷому ва Кашмирро низ ниёзманди роҳи ҳалли сулҳомез аз ҷониби Покистон ва Ҳинд ва қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид унвон карданд.

Раисони маҷолиси Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия ҳамчунин аз мардуми Фаластин дар истифои(кореро батаври комил анҷом додан) ҳаққи мусаллами худ ба хусус ташкили давлат бо ҳокимияти мустақил ҳимоят карданд.

Дар ҳошияи ин конфронс низ раисони маҷолиси кишварҳои ҳозир дар конфронс бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври ҷудогона дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи тарафайн, гуфтугӯ карданд.

Сеюмин конфронси раисони маҷолиси Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия соли 2019 дар Туркия баргузор хоҳад шуд.

 

Назарҳо