Декабр 09, 2018 19:08 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи 15 мақолоти форсизабон дар сайти ҷаҳонии Скопус

Муовини ситоди нақшаи ҷомеаи илмии Эрон гуфт: Дар 2016 беш аз ҳазору 800 мақола ба забони форсӣ дар сайти илмсанҷии Скопус ба сабт расид ва рутбаи 15 барои забони форсӣ ба унвони яке аз забонҳои муътабари илмии дунё рақам хурд.  

Аббос Ҳоҷӣ Охундӣ, муовини назорат ва арзёбии илм ва фанноварии ситоди нақшаи ҷомеи илмии Эрон дар нишасти хабарӣ афзуд: Аз нигоҳи илму фанноварӣ дар 2001 кулли мақолоте, ки эътибори ҷаҳонӣ дошт ва дар сайти муътабари илмсанҷии Скопус сабт шуд, 42 мақола буд ва рутбаи забони форсӣ дар байни забонҳои дунё 33 буд.  

Ҳоҷӣ Охундӣ ба пешрафтҳои Эрон дар содироти илм ва фанноварӣ ишора ва тасреҳ кард, дар 1380 ҳиҷрии шамсӣ содироти Эрон дар маҳсулоти пешрафта бо фанноварии боло ҳудуди 27 миллион доллар буд, аммо дар 1395 шамсӣ ин рақам ба 231 миллион доллар расид.

 

Назарҳо