Декабр 15, 2018 21:00 Asia/Dushanbe
  • Табрики милоди хуҷастаи Имом Ҳасани Аскарӣ (а)

Фардо ҳаштуми рабеулсонии 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 16 декабри 2018, солрӯзи милоди имом Ҳасани Аскарӣ (а), аз наберагони гиромии Паёмбари Ислом (с), ёздаҳумин хуршеди осмони ҳидоят ва башоратдиҳандаи мунҷии мавъуд аст.

Ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар ҳаштуми рабеуссонии 232 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушӯданд.

Эшон муфассири беназири Қуръон буданд ва дар даврони имомати хеш, шеваи саҳеҳи тафсири ин китоби осмониро барои мардум баён карданд.

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар давраи кӯдакӣ аз сарчашмаи дониши падари худ имом Ҳодӣ (а) баҳраманд шуданд ва дар 22 солагӣ пас аз шаҳодати падари бузургаворашон, рисолати сангини имоматро ба муддати шаш сол то ҳангоми шаҳодат бар ӯҳда гирифтанд.

Эшон падари бузургавори мунҷии охируззамон ва охирини ҳуҷҷати илоҳӣ, ҳазрати Маҳдӣ (а) аст, ки ҳамаи мусулмонон чашм интизори зуҳури он ҳазрат ҳастанд.

Даврони зиндагии имом Ҳасани Аскарӣ (а) бо ҳукумати хулафои Аббосӣ ҳамзамон буд ва бо вуҷуди маҳдудиятҳои фаровон, эшон ба вазифаи худ, яъне роҳнамои мусулмонон амал мекарданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон милоди бо саодати ҳазрати имом Ҳасан Аскарӣ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯяд.

 

Назарҳо