Январ 12, 2019 18:21 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари инқилоб ба нишасти Иттиҳоди анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, пайвастани донишҷӯёни эронӣ дар ҳар нуқта аз ҷаҳон ба масири пешрафт ва бениёз кардани Ҷумҳурии Исломии Эрон аз бегонагон ҷиҳод дар роҳи Худо аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме ба 53-умин нишасти Иттиҳоди анҷуманҳои исломии донишҷӯёни Аврупо, ки рӯзи шанбе ҳуҷҷатулислом Ҷаводи Эжаӣ дар Маркази исломии Ҳамбург онро қироат кард, донишҷӯёнро дар шумори бартарин умедҳои ояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон донистанд. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, он чӣ ҳама бояд бидонанд, ин аст, ки ба тавфиқи илоҳӣ ҳамакнун қисмати бузурге аз донишҷӯёни дирӯз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба корҳои бузург саргарм ҳастанд ва лаззати хидмат ба пешрафти дониш ва фанноварӣ дар меҳани худро бо ҳамаи вуҷуд ҳис мекунанд. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: “Донишҷӯён дар ҳар нуқтаи ҷаҳон ин фурсатро хоҳанд дошт, ки ба маҷмӯаҳои муъмин ва хидматгузор бипайванданд ва Ҷумҳурии Исломии Эронро аз бегонагон комилан бениёз кунанд ва ин ҳаракат он гоҳ ки бо нияти содиқона ва худоӣ анҷом гирад, ҷиҳод дар роҳи Худо аст”.

53-юмин нишасти солонаи Иттиҳоди анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо рӯзи шанбе дар Маркази исломии Ҳамбурги Олмон баргузор шуд.

 

Назарҳо