Январ 12, 2019 18:46 Asia/Dushanbe
  • “New York Times”: Эрон ҷавоҳири Ховари Миёна аст

Рӯзномаи мӯътабари амрикоӣ, Эронро ҷавоҳири Ховари Миёна муаррифӣ кард ва гардишгаронро ба боздид аз Эрон фарохонд.

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймз(The New York Times) рӯзи шанбе Эронро ба унвони яке аз 52 мақсади зебо дар соли 2019 ба гардишгарон тавсия кард.

Ню-Йорк Таймз дар тавсифи Эрон навишт: «Ба ин ҷавоҳири Ховари Миёна сафар кунед. Бо ин ки таниш байни Эрон ва Амрико аз замони раёсатҷумҳурии Доналд Трамп афзоиш ёфтааст, аммо иштиёқи мусофирони моҷароҷӯ барои сафар ба Эрон, бадеҳӣ аст.»

Ин рӯзномаи маъруфи амрикоӣ гузориш дод, вайронаҳои бостонии баҷомонда аз императории Порс, масоҷиди қадимӣ ва хориқулода, бозорҳои бузург дар шаҳрҳои мухталиф ва кохҳои азим дар калони шаҳри Теҳрон вуҷуд доранд.

Ню-Йорк Таймз навишт, як далели дигар барои сафар ба Эрон дар соли 2019 баргузории намоишгоҳе аст, ки қарор аст, дар мӯзеи ҳунарҳои муосири Теҳрон баргузор шавад.

Ишораи Ню-Йорк Таймз ба баргузории намоишгоҳи «чеҳра, табиати беҷон ва манзара» дар мӯзеи ҳунарҳои муосири Теҳрон аст, ки аз 21 феврал то 20 апрели 2019 баргузор хоҳад шуд.

Вазорати хориҷаи Амрико сафар ба Эронро тавсия намекунад, аммо онҳоро аз ин сафар манъ ҳам накарда ва амрикоиҳо метавонанд дар қолаби давраи гардишгарии барномарезӣ шуда ба Эрон сафар кунанд.

 

Назарҳо