Январ 23, 2019 21:45 Asia/Dushanbe
  • Ёргирии ДИИШ дар Афғонистон

Раиси маркази мутолеоти роҳбурдии артиши ҷумҳурии исломии Эрон чаҳоршанбе гуфт: Гурӯҳи террористии ДИИШ бо ҳимояти Иморот ва Арабистон дар ҳоли ёргирӣ дар Афғонистон аст.

Генерал Аҳмадризо Пурдастон бо баёни инки 6 то 7 ҳазор диишӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд, таъкид кард, террористҳои ДИИШ бо ҳимояти молии Иморот ва Арабистон ёргирӣ мекунанд, то аҳруме алайҳи Эрон ва Русия бошанд.

Ин мақоми низомии Эрон афзуд: Агар террористҳо дар наздикии марзҳои Эрон ҳаракате кунанд, бо посухи кубандаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.  

Вай гуфт: Нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломии Эрон ишрофи комиле бар марзҳои шарқии Эрон доранд.

Замир Каблов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон низ ахиран эълом кард, далоиле вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, Амрико ва муттаҳидонаш дар интиқоли террористҳои ДИИШ аз Ироқ ва Сурия ба Афғонистон нақш доранд.

Ҷумҳурии исломии Эрон, Русия, Сурия ва Ироқ аз 2015 эътилофе чаҳорҷониба барои мубориза бо терроризм ташкил додаанд.

 

Назарҳо