Март 12, 2019 15:15 Asia/Dushanbe
  • Фасли ҷадиди равобити Эрон ва Ироқ: Муносиботе ки Амрикоро ба чолиш кашонд

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии Барҳам Солеҳ, раисҷумҳур ва Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ дар садри ҳайати сиёсӣ - иқтисодӣ барои дидоре серӯза ба Бағдод рафтааст.

Дидори таърихии Рӯҳонӣ аз Ироқро бисёре аз нозирони сиёсӣ нуқтаи атфе дар равобити Теҳрон - Бағдод медонанд. Сафаре, ки иззат ва маҳбубияти Ҷумҳурии Исломии Эронро бо вуҷуди таблиғоти манфии Амрико ва бадхоҳони ду миллат, ба рухи душманон кашид. Ин сафар бо истиқболи расмӣ, самимона ва пуршукуҳи Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ аз Рӯҳонӣ дар маҷмӯаи раёсати ҷумҳурии Ироқ дар Бағдод расман оғоз шуд. Рӯҳонӣ дар ин сафар илова бар музокирот бо раисҷумҳурӣ ва нахуствазир ва дигар мақомҳои баландпояи Ироқ, нишастҳое низ бо ашоир ва шахсиятҳои сиёсӣ ва фаъолони иқтисодӣ дар Ироқ дошт. Дидор бо оятуллоҳ Сайидалии Систонӣ, аз мароҷеи изоми тақлид ва зиёрати атаботи олиёт аз дигар барномаҳои сафари раисҷумҳурӣ ба Ироқ аст.

Коршиносон ва таҳлилгарон муътақиданд, сафари Рӯҳонӣ ба Ироқ афзун бар дастовардҳо дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ ва асноди ҷадиди ҳамкорӣ, ки ба имзо расид, паёмҳои сиёсии муҳиме дар минтақа ва ҷаҳон дошт.

Карл Билдт, вазири умури хориҷаи собиқи Шветсия рӯзи душанбе дар паёме твиттерӣ сафари Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ироқро мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дод ва онро бо сафари чанде қабл Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Ироқ муқоиса кард.

Билдт дар сафҳаи Твиттери худ навишт, дар ҳоле, ки Трамп танҳо бо сарбозони амрикоӣ дар як пойгоҳи ҳавоии дурафтода дидор кард ва бо раҳбарони Ироқ мулоқоте надошт, Рӯҳонӣ се рӯзро барои сафар ба Ироқ ихтисос дод. Сафари махфиёна ва дусоатаи Трамп ва ҳамсараш ба пойгоҳи низомии “Айнуласад” дар вилояти Аланбор, дар шимоли Ироқ, мавҷе аз маҳкумият ва эътироз аз сӯйи ироқиҳоро ба ҳамроҳ дошт. Аҳзоб ва шахсиятҳои ироқӣ, сафари махфиёнаи Трамп ба Бағдодро иҳонати ошкор аз сӯйи раисҷумҳури Амрико ба давлат ва миллати худ талаққӣ карданд.

Сафаари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ироқ, аммо дар миёни истиқболи бошукуҳ ва дар рӯзи равшан анҷом шуд. Инак талошҳои Амрико барои ба инзиво кашондани Теҳрон бо равобити рӯ ба густариши Эрон бо ҳамсоягони худ беасар шудааст.

“Ню-Йорк Таймс” ҳам дар гузорише ба қалами Алисо Рубин навишт: “Барандаи воқеии рақобат миёни Эрон ва Амрико барои касби нақш ва ҷойгоҳи бартар дар Ироқ, Эрон аст”.

Вай барои шоҳиди иддаои худ аз Маҳмуд Алмашҳадонӣ, намояндаи суннӣ ва сухангӯи собиқи Маҷлиси Ироқ нақли қавл кардааст, ки Эрон баданаи кӯчак бо мағзи бузург аст ва Иёлоти Муттаҳида баданаи бузург бо мағзи кӯчак аст ва ҳамин воқеият иллати ин аст, ки чаро Теҳрон дар Ироқ дасти барандаро дорад.

Ироқ имрӯз бо вуҷуди фишорҳои Амрико, аввалин шарики тиҷории Эрон дар миёни ҳамсоягон маҳсуб мешавад. Ин равобит бахусус бо таваҷҷуҳ ба иштирокоти динӣ аз пайвандҳои мустаҳкаме бархурдор аст. Эрон равобити сиёсии хубе бо гуруҳҳои ғайришиъии ироқӣ, бахусус курдҳо барқарор кардааст ва аз ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар барои субот ва амнияти ин кишвар ҳимоят мекунад. Эрон ҳамчунин муровидоти фарҳангӣ ва иқтисодии худро на танҳо бо Бағдод, балки бо Курдистони Ироқ ва дигар шаҳрҳои Ироқ густариш додааст.

Козимии Қумӣ, коршиноси масоили ғарби Осиё бо баёни ин ки мардуми Ироқ иштиёқи вофире барои густариши равобит бо Эрон доранд, мегӯяд, ҳеҷ иродае наметавонад бар равобити хуб ва густурдаи Эрон ва Ироқ таъсир бигузорад ва ақшори мардум ва давлати Ироқ бо истиқболе, ки аз раисҷумҳури Эрон карданд, нишон доданд, бо Амрико дар таҳрими Эрон ҳамроҳӣ намекунанд.

Ин изҳорот ва бозтобҳои густурдаи ин дидори таърихӣ ба танҳоӣ кофӣ аст то паёми ин сафар ва натоиҷи онро дар канори дастовардҳои иқтисодӣ, як гоми баланд ба сӯйи равобит бо чашмандози густурда миёни Эрон ва Ироқ арзёбӣ кард.

 

Барчасп

Назарҳо