Март 14, 2019 13:17 Asia/Dushanbe
  • Поёни 3 рӯзи ройзании Рӯҳонӣ дар Ироқ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар севумин рӯз аз сафари муҳим ва роҳбурдии худ ба Ироқ, бо ҳузур дар Наҷафи Ашраф, бо оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаёни Ироқ дидор ва гуфтугӯ кард.

Марҷаи олиқадри шиаёни Ироқ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори раисҷумҳури Эрон, зимни истиқбол аз тавсеаи равобити Ироқ бо ҳамсоягон, аз нақши дӯстони ин кишвар дар ғалаба бар террористҳои ДИИШ қадрдонӣ кард.

Дидори Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо марҷаи тақлиди шиаёни Ироқ, аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Ин дидор нишон дод, тақвияти равобити хуби Эрон ва Ироқ ба унвони ду ҳамсоя, илова бар ин ки иродаи сиёсии ду кишварро ҳамроҳи худ дорад, аз ҳимояти болотарин марҷаи динӣ дар Ироқ ҳам бархурдор аст.

Ҷойгоҳи вижаи оятуллоҳ Систонӣ дар ҷомеаи Ироқ, мунҳасир ба фард аст ва нақши эшон дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар бар касе пӯшида нест. Дархости умумии марҷаи олиқадри шиаёни Ироқ барои иттиҳоди мардум бо артиши ин кишвар бо ҳадафи муборизаи муштарак бо гурӯҳи такфирии ДИИШ, гурӯҳе мардумӣ ва муассир (Басиҷи мардумӣ ё Алҳашдушшаъби) эҷод кард, ки тавонист ба унвони нерӯи коромад решаи ДИИШ- ро дар Ироқ бахушконад.

Дар чунин шароите, нақши марҷаияти динии Ироқ дар дигар абъод ҳам таъсиргузор аст ва дидори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо оятуллоҳ Систонӣ пуштвонаи муҳкаме барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар дар даврони Ироқи пасодоишӣ ва таҳримҳои Амрико зидди Эрон аст.

Имзои панҷ тавофуқ байни Теҳрон ва Бағдод дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Ироқ, ройгон шудани раводид барои сафари мутақобили мардуми Эрон ва Ироқ ба ду кишвар аз апрели 2019 ва тавофуқ барои эҷоди шаҳракҳои санъатӣ дар марзи Эрон ва Ироқ, нишонаи муҳкаме аз роҳбурдӣ будани равобити рӯ ба густариши Эрон ва Ироқ дорад, ки ҳеҷ тарафи севуме наметавонад дар ин масир монеътарошӣ кунад.

Сафари серӯзаи раисҷумҳури Эрон ба Ироқ ва таъкиди масъулони олирутбаи ду кишвар бар густариши ҳамаҷонибаи муносибот, паёми равшане барои Амрико дорад, ки Эрон ва Ироқ ба унвони ду кишвари ҳамсоя собитқадам дар масири тақвияти ҳамкориҳои роҳбурдӣ ҳаракат хоҳанд кард.

Дар ҳамин замина, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар вокуниш ба изҳороти мудохилаҷӯёнаи Браян Ҳук, раиси Гурӯҳи иқдом зидди Эрон дар Вазорати хориҷаи Амрико, дар бораи сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ироқ гуфт, Эрон ва Ироқ барои идомаи равобити худ аз касе иҷоза намегиранд.

Эрон ва Ироқ ба сабаби иштирокҳои фаровони фарҳангӣ ва мазҳабӣ аз пуштвонаи хубе барои густариши ҳамкориҳо дар даврони Ироқи пасодоишӣ бархурдоранд. Ҳамон тавр, ки Эрон дар ҷараёни шикасти ДИИШ дар Ироқ, канори давлат ва миллати ин кишвар истод, акнун низ ба унвони ҳамсояи қобили эътимод ва иттико омода аст ниёзҳои мухталифи Ироқро бароварда созад.

Ҳамкорӣ ва муносиботи Эрон ва Ироқ намунае аз равобит бар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобил аст ва ин навъ ҳамкорӣ ба сулҳ ва амнияти минтақаӣ кумак мекунад. Эрон ҳамвора дар ҳимоят аз фароянди сиёсӣ дар Ироқ, ваҳдати гурӯҳҳои ироқиро мадди назар дошта ва дар ин чорчӯб аз ташкили парлумон ва давлати ҷадиди Ироқ ҳимоят кардааст.

Бо таваҷҷуҳ ба равшан будани сиёсати Эрон дар қиболи ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа ва ин ки ҳамкории минтақаӣ танҳо роҳи тазминкунандаи амният аст, сафар серӯзаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ироқ ва дидори вай бо гурӯҳҳои мухталифи шиа, суннӣ, ашоир ва марҷаъияти динии Ироқ, намоиши дипломатияи ваҳдатофарини Эрон дар минтақаи роҳбурдии ғарби Осиёст.

 

Барчасп

Назарҳо