Март 14, 2019 18:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бар муқобила бо таҳоҷуми ҳаддиаксарии душманони Эрон

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ фармуданд: Дар муқобили таҳоҷуми ҳаддиаксарии душманон бояд ба басиҷи ҳаддиаксарии имконот, тавоноиҳо ва нерӯҳо иқдом кард, то дар бовари амиқи мардум ва масъулон ба зикри илоҳӣ ва таваккул ба Худо, Парвардигор ваъдаҳои содиқи худро дар бораи миллати бузурги Эрон муҳаққақ созад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи панҷшанбе дар дидори намояндагони мунтахаби миллат дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо таъкид бар эҷоди як гуфтумон ва фаҳми амиқи умумӣ дар бораи "навъ ва чигунагии мувоҷиҳаи кишвар ва афроди муассир бо чолишҳо ва ҳаводис", афзуданд: Дар масоили дохилӣ, душман ва думболаҳои ӯ талош зиёде мекунанд, то ҷойгоҳи худиро заиф ва ҷойгоҳи душманро қавӣ нишон диҳанд ва дар ниҳоят ин гуна илқоъ кунанд, ки кишвар бо мушкилоти лоянҳали фаровоне мувоҷеҳ шуда ва имкони ҳеҷ иқдоме низ вуҷуд надорад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи масоили минтақа низ гуфтанд: Бояд аз мавқеият ва ҷойгоҳи худ дар минтақа ва аз ин воқеият, ки душман аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳисоб мебарад, огоҳ буд ва касоне, ки дар бораи ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа матолиб ва суханони нодуруст ва нобаҷоеро матраҳ мекунанд, дар воқеъ дар ҳоли кумак ба душман ҳастанд.

Эшон, ба мавзӯи наҳваи мувоҷиҳа бо Амрико ва Аврупо ишора карданд ва афзуданд: Таҷрибиёти Ҷумҳурии Исломӣ аз наҳваи амалкарди амрикоиҳо ва аврупоиҳо бисёр зиёд аст, аммо таҷрибаи ахир марбут ба БАРҶОМ ва тааҳҳудоте, ки амрикаиҳо бояд анҷом медоданд, аммо зери он заданд, дар баробари дидагони ҳама аст ва бояд дар бархурд бо Амрико ва ҷабҳаи муқобил, аз ин таҷрибиёт истифода шавад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни инки душмани воқеии миллати Эрон, Амрико аст ва миллат дар шинохти душман дучор хато нахоҳад шуд, афзуданд: Низоми исломӣ таваққӯъ надорад, ки султагарони ҷаҳонӣ дар муқобили ҳаракати миллати Эрон сокит бимонанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин "марзбандии пурранг бо душманро барои масуният дар муқобили таҳоҷуми нарм", бисёр лозим хонданд ва хотирнишон карданд: Марзҳои фарҳангӣ низ ҳамчун марзҳои ҷуғрофиёӣ ниёз ба барҷастасозӣ ва муроқибат доранд, то душман бо фиреб ва нуфуз аз ин марзҳо убур накунад ва бар фазои маҷозӣ ва фарҳанги кишвар мусаллат нашавад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба суханони амрикоиҳо дар бораи эъмоли шадидтарин таҳримҳо зидди миллати Эрон низ фармуданд: Онҳо дар муқобили Эрон даст ба таҳоҷум ҳаддиаксарӣ задаанд ва агар миллат ба басиҷи ҳаддиаксарии имконот ва тавоноиҳои худ иқдом кунад, ба фазли илоҳӣ сангинтарин шикасти таърихи Амрикоро насиби ин кишвар хоҳад кард.

 

 

Назарҳо