Март 14, 2019 19:10 Asia/Dushanbe
  • Дархости Покистон барои эҳёи хутути рейлии Исломобод-Теҳрон-Истамбул

Вазири роҳи оҳани Покистон гуфт, ин кишвар ифои нақши Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ECO) барои роҳандозии муҷаддади шабакаи рейлии минтақаӣ миёни Исломобод-Теҳрон-Истамбул ва дигар кишварҳои Осиёи Миёнаро хостор аст.

Ба гузориши ИРНА, Шайх Рашид Аҳмад рӯзи панҷшанбе дар дидори Ҳодӣ Сулаймонпур, дабири кулли эронии ECO дар Исломобод афзуд, давлати Покистон дар пайи густариши ҳамкориҳои рейлӣ бо Эрон ва Туркия аст ва барои навсозии проектҳои хатти оҳани худ, сармоягузории ширкатҳои хориҷиро дар авлавият қарор медиҳад.

Вазири роҳи оҳани Покистон ҳамчунин дабири кулли ECO-ро аз тарҳҳои рейлӣ дар Покистон аз ҷумла навсозии хатти оҳани Кувайта-Тафтон огоҳ кард.

Дабири кулли эронии ECO низ дар ин дидор итминон дод, ECO, аз иқдомоти Покистон дар масири эҳёи иртибототи рейлӣ дар минтақа ҳимоят мекунад.

Ҳодӣ Сулаймонпур, ки барои анҷоми сафари чаҳоррӯза дар Исломобод басар мебарад бо нахуствазир, раисиҷумҳур, вазири умури хориҷа ва бархе дигар аз вазирони давлати Покистон дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, созмони минтақаӣ аст, ки дар соли 1985 аз сӯи Эрон, Покистон ва Туркия бо ҳадафи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв таъсис шуд.

Эрон, Покистон, Туркия, Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, 10 кишвари узви ECO ҳастанд.

 

 

Барчасп

Назарҳо