Март 15, 2019 19:04 Asia/Dushanbe
  • Парвози Боинг-737 бар фарози осмони Эрон мамнӯъ шуд

Сухангӯи Созмони ҳавопаймоии Эрон аз мамнуъияти парвози Боинг-737 Макс (Boeing 737 MAX) бар фарози осмони Эрон хабар дод.

Ризо Ҷаъфарзода сухангӯи созмони ҳавопаймоии Эрон гуфт: Дар пайи эъломи мамнуъияти парвози Боинг-737 Макс дар осмони бисёре аз кишварҳо аз ҷумла Амрико, яъне кишвари созанда, парвози ин ҳавопаймо бар фарози осмони Эрон низ мамнуъ эълом шуд.

Пас аз суқути як ҳавопаймои Боинг 8-737 Макс дар кишвари Эфиопия дар 10 марти 2019 ва марги 157 сарнишини он, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон парвози ин ҳавопаймо дар осмони кишвари худро мамнуъ эълом карданд.

 

Барчасп

Назарҳо