Март 15, 2019 20:47 Asia/Dushanbe
  • Муъминӣ: Кишварҳои ғарбӣ дар мубориза бо маводи мухаддир мутааҳҳид нестанд

Дабири кулли ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон гуфт: Кишварҳои мақсад, ба вижа кишварҳои ғарбӣ мутааҳҳид ба асли масъулияти муштарак дар мубориза бо маводи мухаддир нестанд ва онро фаромӯш кардаанд.

Искандари Муъминӣ дабири кулли ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон дар дидор бо Юрий Федотов, муовини дабири кул ва мудири иҷроии дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони милал - UNODC дар Вена, бо эъломи хурсандӣ аз тасвиби баёнияи вазирони шастудувумин иҷлоси комиссияи маводи мухаддири Созмони милал дар соли 2019 ибрози умедворӣ кард, санади сиёсии ҷадид битавонад ба амалиётӣ шудани тааҳҳудоти эҷодшуда тайи даҳаи гузашта кумак кунад.

Муъминӣ ба ироаи гузорише аз иқдомоти Эрон дар муқобила бо маводи мухаддир дар соли 2018 пардохт ва гуфт: Бо вуҷуди таҳримҳои ғайриқонунӣ, золимона ва якҷониба ва баҳраманд нашудан аз кумакҳои байналмилалӣ, Эрон дар соли 2018, беш аз 800 тон маводи мухаддир кашф кард, ки 45 тони он героин ва морфин будааст.

Дабири кулли ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон тасреҳ кард: Таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон дар сиёсатҳои муқобилаӣ ва теранзитӣ бо маводи мухаддир таъсири манфӣ мегузорад.

 

Барчасп

Назарҳо