Март 21, 2019 18:22 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ дар паёми наврӯзии соли 1398: Миллати Эрон қатъан ба пирӯзӣ мерасад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бомдоди панҷшанбе дар паёме ба муносибати оғози соли 1398 ҳиҷрӣ-шамсӣ, соли 1397-ро соли муваффақияти миллати бузурги Эрон дар арсаҳои мухталиф баршумурд ва тасреҳ кард: Миллати Эрон қатъан ба пирӯзӣ мерасад ва аз мушкилот убур хоҳад кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Ҳасан Руҳонӣ ба таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон ишора кард ва гуфт: Душман фикр мекард дар ин таҳримҳо ҳама дунё ва муттаҳидонаш дар канори ӯ меистанд, аммо тамоми кишварҳо ба истиснои чанд кишвар дар канори миллати Эрон истоданд.

 Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки тамоми маҷомеъи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Шурои амният ва Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ҳаққро ба миллати Эрон доданд, хотирнишон кард:Онҳое, ки аҳдшиканӣ карда ва даст ба ҷиноят заданд, бояд бидонанд поёни ин роҳ ба нафъи онҳо нахоҳад буд.

 Руҳонӣ ҳамчунин ба равобити хуби Эрон бо кишварҳои ҳамсоя ишора кард ва гуфт: Соли нав, соли дустии бештар бо ҳама ҳамсоягон аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон хитоб ба миллати бузурги Эрон низ хотирнишон кард: Соли нав-соли инсиҷоми бештар ва талоши бештар аст.

Руҳонӣ афзуд,ки эрониён дар соли ҷадид даст дар дасти ҳам дар баробари онҳое, ки мехоҳанд миллати Эронро бишикананд истода ва азамату иззати ишонро беш аз пеш, ба рухи онҳо хоҳанд кашонд.

 Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки соли ҷадид, соли тавлид, талош ва иштиғол барои ҷавонони эронӣ аст, гуфт: Давлат дар ин роҳ ҳама тавон ва кушиши худро ба кор хоҳад баст.

 Руҳонӣ солӣ ҷадидро ба миллати бузурги Эрон, эрониёни хориҷ аз кишвар ва ба ақвом ва ҳамсоягоне, ки Наврӯзро пос медоранд табрик гуфт.

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1398, бо табрики иди Наврӯз ва милоди масъуди амири муъминон, ҳазрати Алӣ (ъ) ба эрониёни азиз бавежа хонаводаҳои муаззами шаҳидон ва ҷонбозон ва бо орзуи соли ҳамроҳ бо шодӣ, саодат, саломати ҷисмӣ ва тавфиқоти рӯзафзуни моддӣ ва маънавӣ барои миллат Эрон, сол ҷадидро соли «равнақи тавлид» номгузорӣ карданд.

 

Барчасп

Назарҳо