Март 21, 2019 20:45 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб: соли 1398 соли фурсатҳост на таҳдидҳо

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар аввалин рӯз аз оғози соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ дар ҳарами имом Ризо (а) Машҳади муқаддас соли ҷадиди шамсиро соли фурсатҳо ва на таҳдидҳо донистанд.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ соате пеш дар ҷамъи садҳо ҳазор нафар аз мардуми Эрон дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Ризо (а) таъкид карданд, ба курии чашми душманон тақвияти буняи дифоиро идома хоҳем дод ва таҳти фишори дигарон қарор нахоҳем гирифт.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ гуфтанд, душманони ин миллат илова бар ончи ки дар воқеъият анҷом медиҳанд ҷанги равонӣ ва изҳори назар ва раҷазхонӣ ҳам мекунанд ва ин раҷазхониҳо бояд ҳамонтавр ки ҳаст дониста шавад.

Ишон хотирнишон карданд, душманон дар мавриди соли 97 ҳам раҷазхонӣ дошта ва саъй мекарданд дили мардуми Эронро холӣ кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ идома доданд, яке аз аҳмақҳои дарҷаи яки амрикоӣ дар соли 97 гуфта буд, ки мо агар аз БАРҶОМ хориҷ шавем дар хиёбонҳои Эрон шуриш инттифоқ меафтад ва мардум нон ҳам наметавонанд бихаранд албтта яке дигар аз ҳамин аҳмақоҳои дараҷа як ҳам элом карда буд, ки крисмаси соли 2019 дар Теҳрон гирифта мешавад.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба талоши душман барои фишор ба миллати Эрон изофа карданд, ҳам таҳрим метавонад барои мо таҷриба бошад ва ҳам мушоҳидаи нақзҳо ва заъфҳо албатта ин амр метавонад барои мудирияти солҳои баъди кишвар фурсат бошад.

Ишон фармуданд, таҳрим метавонад фурсат бошад зеро таҷриба нишон дода, ки кишварҳое, ки аз манобеъи табиӣ монанди нафт бархурдор ҳастанд ҳар вақт даромадҳои онҳо аз ноҳияи ин манобе коҳиш пайдо кардааст ба фикри иҷрои ислоҳоти иқтисодӣ афтода ва ангеза пайдо мекунанд, то худро аз вобастагӣ наҷот диҳанд.

Ишон изофа карданд, аз ғарбиҳо метавонем интизори тавтеа ва хиёнат ва ханҷар аз пушт задан дошта бошем, вале интизори кумак ва садоқат наметавон дошт.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ фармуданд, падидаи истеъмор се қарн аст, ки садҳо миллион ҷамъиятро таҳти фишор қарор додааст аврпуоиҳо дар Осиё ва Амрико ва дар Амрикои лотин кишварҳои мустаъмараро макидаанд ва манобеъи онҳоро холӣ кардаанд ва монеъ аз пешрафти илмӣ ва фанноварии онҳо шудаанд.

 

Назарҳо