Март 22, 2019 15:54 Asia/Dushanbe
  • Аз Наврӯзистон чи медонед?

Пас аз сабти ҷаҳонии ҷашни бостонии Наврӯз дар рӯйхатти мероси номалмуси Созмони омӯзишӣ, илмӣ фарҳангии Миллали Муттаҳид Юнеско бо талоши Ҷумҳурии исломии Эрон ва 11 кишвари дигар истилоҳи Наврӯзистон нахустин бор матрҳ шуд.

Ба нақл аз рӯзномаи эронии Дунёи иқтисод, Наврӯзистон ба маҷмуъаи кишварҳо ва минтақаҳое гуфта мешавад, ки дар ҷуғрофиёи фарҳанги Наврӯз қарор доранд ва ин ҷашни бостониро баргузор мекунанд.

Истилоҳи Наврӯзистонро нахустин бор яке аз рӯзноманигорони форсизабон барои ишора ба ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои наврӯзӣ дар Созмони ҳамкории ЭКО матраҳ кард.

Сабти ҷаҳонии Наврӯз ба кишварҳои Наврӯзистон кумак мекунад беш аз пеш бар нуқоти иштирокашон таъкид кунанд ва бар асоси ин иштирокот бо ҳам ба ҳамкориҳои ҳамаҷониба бипардозанд.

Бар асоси эъломи маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид имрӯза беш аз 300 миллион нафар дар Наврӯзистон оғози фасли баҳорро бо ҷашни бостонии Наврӯз, ки беш аз се ҳазор сол собиқа дорад гиромӣ медоранд.

Парвандаи сабти ҷаҳонии Наврӯзро ибтидо Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳамкории шаш кишвари дигар яъне ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҳинд, Қирғизистон, Покистон, Туркия ва Узбакистон ба Юнеско эълом кард ва 30 сентябри 2009 ин ҷашни бостонӣ ҷаҳонӣ шуд ва дар рӯйхатти мероси номалмуси Юнеско ба сабт расид.

Пас аз он панҷ кишвари Афғонистон, Ироқ, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон низ хостори пайвастан ба парвандаи Наврӯз шуданд ва саранҷом дар декабри 2016 ин панҷ кишвар низ ба парвандаи Наврӯз пайвастанд

Назарҳо