Март 23, 2019 17:56 Asia/Dushanbe
  • Зариф подшоҳони импиратории Эронро ба рухи Помпео кашид

Вазири умури хориҷаи Эрон дар твитте зимни мухолифат бо иддаои ҳамтои амрикоии худ дар бораи наҷоти қавми яҳуд тавассути Трамп таъкид кард, ки ин подшоҳони Эрони бостон буданд, ки яҳудиёнро аз наслкушӣ ва асосрат раҳониданд.

Муҳаммад ҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бомдоди шанбе дар вокуниш ба твитти Майк Помпео ҳамтои амрикоии худ таъкид кард подшоҳони импиратории порс қавми яҳудро наҷот доданд.

Помпео рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии "C.B.S" дар Қудси ишғолӣ муддаӣ шуда буд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Трамп дар ин бурҳа аз сӯи Худованд барои кумак ба наҷоти яҳудиён аз таҳдиди Эрон ба замин фиристода шуда бошад.

Зариф дар саҳифаи шахсии Твиттери худ бо баёни инки ҳатто китоби осмонии "Таврот"-ро барои мақосиди Эронҳаросӣ таҳриф кардаанд навишт, чизе, ки (Таврот)  дар ҳақиқат мегуяд, ин аст, ки як шоҳи порсӣ яҳудиёнро аз асорат дар Бобил наҷот дод.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе дар твитте ҷанҷолӣ дар бораи ҳокимияти баландиҳои Ҷавлон мутаъаллиқ ба Сурия навишт, баъд аз 52 сол вақти он аст, ки Амрико ба таври комил ҳаққи ҳокимияти Исроил бар баландиҳои Ҷавлонро, ки дорои аҳамияти роҳбурдӣ ва амниятӣ барои Исроил ва суботи минтақаӣ аст ба расмият бишносад.

 

Назарҳо