Март 25, 2019 09:47 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Баҳроми Қосимӣ ба изҳороти вазири умури хориҷаи Амрико зидди Эрон

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти хасмонаи вазири умури хориҷаи Амрико зидди Эрон, гуфт, давлати Амрико, ки аз таҳаққуқи аҳдофи шуми худ дар минтақаи ҳассоси Ховари Миёна ноком монда ва ба таҳдиди дигарон паноҳ овардааст.

Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ якшанбешаб гуфт, изҳороти таҳрикомез, мудохилаҷӯёна ва хориҷ аз урфи дипломатии Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар Бейрут зидди Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон бори дигар моҳият ва рафтори қайимамобонаи Амрико дар қиболи соири кишварҳои озод, мустақил ва миллатҳои озодихоҳи ҷаҳонро ошкор кард.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд, ин гуна мавзеъгириҳо ва изҳори назарҳо аз яксӯ ношӣ аз шикасти тарҳҳо ва сиёсатҳои мухарриб ва зиёдахоҳонаи Амрико дар минтақаи Ховари Миёна ва аз сӯи дигар нишонгаир нохурсандӣ ва асабонияти беш аз ҳадди ҳокимони бемантиқи ин кишвар аз ваҳдат ва инсиҷоми мардумӣ дар Лубнон ва барқарории оромишу субот дар ин кишвар хусусан пас аз ташкили давлати Лубнон аст.

Баҳроми Қосимӣ бо ишора ба сиёсати дерина ва мустамари Амрико дар ироб давлатҳои минтақа гуфт, давлати Амрико, ки аз таҳаққуқи аҳдофи шуми худ дар минтақаи ҳассоси Ховари Миёна ноком мондааст ва барои ин ҳадаф, зимни фитнаангезӣ дар муносиботи кишварҳо, ба иттиҳомзании беасос алайҳи дигарон мубодират мекунад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои зарурати ҳифзи субот ва оромиши минтақа, зимни таъкид бар тақвияти ҳамгароӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа барои мубориза бо тавсеаталабӣ ва таҷовузоти режими саҳюнистӣ ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, зимни эҳтиром ба давлат ва миллати Лубнон аз ҳамаи зарфиятҳои худ барои тақвияти муносиботи ду ҷониба байни Теҳрон ва Бейрут истифода хоҳад кард.

Қосимӣ афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон, асабонияти Амрико аз амалкард ва нақши ғурурофарини нерӯҳои муқовамат, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҳамаи касоне, ки тарҳҳо ва нақшаҳои шум ва истеъмори ҷадиди Амрико дар минтақаро ба ин бунбаст ва шикаст кашондаандро комилан дарк мекунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико ахиран дар сафар ба Лубнон бори дигар дар иқдоми мудохилаҷӯёна ва хасмона зидди Лубнон ва Эрон муддаӣ шуд, Ҳизбуллоҳи Лубнон як созмони террористӣ аст.

Вай аз давлати Лубнон хост аз Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон фосила бигирад.

Ин изҳороти хасмона ва мудохилаҷӯёна дар ниҳоят бо мавозеи рушан ва қотеи ҳамаи лубнониҳо мувоҷеҳ ва хунсо шуд.

 

Барчасп

Назарҳо