Март 25, 2019 20:12 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди куштаҳо ва масдумони сели Шероз

Раиси Созмони ёрии таъҷилии Эрон гуфт, ҳодисаи сели рӯзи душанбе дар Шероз, дар устони Форс (ҷануби Эрон) 17 кушта ва дастикам 74 масдум барҷой гузошт.

Ба гузориши ИРНА, Пирҳусайн Куливанд, раиси Созмони уржонс (ёрии таъҷилӣ) -и Эрон афзуд, се нафар аз куштаҳо кӯдак, шаш нафар мард ва ҳашт тан зан ҳастанд.

Сели имрӯз, душанбе дар минтақаи “Дарвозаи Қуръон” - и Шероз дастикам 200 мошинро бо худ бурд.

Гузоришҳо баёнгари он аст, ки бештари ҳодисадидагон мусофирони наврӯзӣ буданд.

Бархе манотиқи дигари Шероз ҳам бар асари сел ва вуқӯи селоб дучори ҳодиса шуд.

Ба дастури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сайид Маҳмуди Алавӣ, вазири иттилооти Эрон барои боздид, назорат ва баррасии абъоди хисорати иборат аз сел дар устони Форс, озими Шероз шуд.

Гурӯҳҳои мухталифи имдодӣ, азҷумла ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар” - и Эрон ҳам барои кумакрасонӣ ба ҳодисадидагони сели Шероз, дар устони Форс мустақар шуданд.

Дар пайи боришҳои бесобиқа дар рӯзҳои ахир, чандин устони Эрон, азҷумла Гулистон, Мозандарон, Форс, Луристон ва Кирмоншоҳ дучори селоб ва обгирифтагӣ шуданд.

 

Барчасп

Назарҳо