Март 26, 2019 16:48 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Тасмими Трамп дар бораи Ҷавлон истеъморӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, тасмими раиси ҷумҳурии Амрико дар бахшидани якҷонбаи минтақаи ишғолии Ҷавлон ба саҳюнистҳои ғосибро истеъморӣ унвон кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Руҳонӣ рӯзи сешанбе дар дидор бо ҷамъе аз вазирон, мудирон ва масъулони иҷроии Эрон, бо интиқод аз тасмими Доналд Трамп, раис ҷумҳурии Амрико мабнӣ бар ба расмият шинохтани ҳокимияти режими ишғолгари саҳюнистӣ бар баландиҳои Ҷавлон афзуд: Трамп ба таври якҷониба ва бар хилофи қавонин ва муқаррароти байналмилалӣ, замине, ки мутааллиқ ба кишвари дигаре аст, ба як режими ғосиб бахшидааст.

Руҳонӣ тасреҳ кард: Замоне ки дар бисёре аз кишварҳо истеъмор ҳоким буд, бархе қудратҳои бузург, аз ин иқдомоти истеъморӣ анҷом медоданд, аммо дар қарни кунунӣ чунин иқдоме бесобиқа аст.

Доналд Трамп 25 март дар конфронси хабарии муштарак бо Бинёмин Нитанёҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Вашингтон, ҳокимияти Исроил бар баландиҳои ишғолии Ҷавлонро, ки мутааллиқ ба Сурия ва дар ишғоли режими саҳюнистӣ аст, ба расмият шинохт.

Ин иқдоми Трамп бо мухолифати мақомоти бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст ва Иттиҳодияи Аврупо ва дабири кулли Созмони милали муттаҳид иқдоми раиси ҷумҳурии Амрикоро ғайри қобили қабул унвон карданд.

Баландиҳои Ҷавлони ишғолӣ бахше аз устони Қунайтраи Сурия аст, ки режими саҳюнистӣ соли 1967 ва дар ҷанги 6-рӯза онро ишғол ва дар соли 1982 онро ба унвони бахше аз қаламрави худ эълом кард.

 

Барчасп

Назарҳо