Апрел 22, 2019 20:43 Asia/Dushanbe
  • Имрон Хон: Покистон равобити иқтисодӣ бо Эронро бо вуҷуди таҳримҳо густариш медиҳад

Нахуствазири Покистон гуфт, бо вуҷуди таҳримҳои ҷадиде, ки алайҳи Эрон аз сӯйи Амрико амалӣ шудааст, имкони афзоиши таомулоти иқтисодии Теҳрон ва Исломобод вуҷуд дорад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Имрон Хон, нахуствазири Покистон рӯзи душанбе дар нишасте бо намояндагони Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Теҳрон ва фаъолони иқтисодии ду кишвар гуфт, Эрон бо ҷамъияти 80 миллионӣ ва Покистон бо ҷамъияти беш аз 200 миллионии худ як зарфияти бузурги иқтисодӣ ҳастанд, ки метавон аз ин зарфият ба нафъи ду кишвар ва минтақа истифода кард.

Имрон Хон бо ишора ба боло будани мизони мубодилоти тиҷории кишварҳои ҷануби шарқи Осиё изҳор дошт: Ин кишварҳо, ки имрӯз ба муваффақиятҳои иқтисодии қобили таваҷҷуҳе даст ёфтаанд, аз солҳо пеш равобити иқтисодии хубе бо ҳамсоягонашон доштаанд, аммо мутаассифона, ин мавзуъ дар кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ва миёни кишварҳое ҳамчун Покистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳинд чандон густурда нест.

Имрон Хон, нахуствазири Покистон якшанбешаб дар садри як ҳайати олирутбаи сиёсӣ - иқтисодӣ барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Эрон, аз Машҳади муқаддас вориди Теҳрон шуд.

Барчасп

Назарҳо