Апрел 24, 2019 12:51 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико музокиракунандаи мӯътабаре нест

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон Амрикоро музокиракунандаи мӯътабаре надонист ва гуфт: Амрикоиҳо қонунҳои байналмилалӣ ва ҳатто тасмимҳое, ки худашон пеш аз ин гирифтаанд, беарзиш медонанд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф зуҳри сешанбе (ба вақти маҳаллӣ) дар оғози вуруд ба Ню-Йорк дар ҷамъи хабарнигорон, пойбандӣ ба тавофуқот ва аҳдномаҳоро асоси равобити байналмилал хонд ва ба амрикоиҳо тавсия кард ба эрониҳо ва тааҳҳудоти байналмилалӣ эҳтиром гузоранд.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар ин, ки миллати Эрон дар баробари мутаҷовизи зӯргӯй ҳаргиз сар хам накардааст ва намекунад, тасреҳ кард: Амрикоиҳо бояд бо миллати Эрон бо забони такрим ва эҳтиром сухан бигӯянд.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба иқдоми Амрико дар тамдид накардани муофиятҳои хариди нафти Эрон низ ишора кард ва изҳор дошт: Ҷумҳурии исломии Эрон на ба муофиятҳо ва на ба лағви онҳо аҳамият намедиҳад.

Зариф афзуд: Амрико пулиси ҷаҳон нест, ки муофият бидиҳад ё лағв кунад.

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин ба иқдоми мухарриб ва танишзои Амрико дар Ховари Миёна ишора карду гуфт: Вашингтон ва ҳампаймононаш аз ҷумла, Арабистони Саудӣ ва Иморот аз ифротгароӣ ва терроризм дар минтақа пуштибонӣ мекунанд.

 

Назарҳо