Апрел 24, 2019 15:52 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Душманӣ ва тавтеаи Амрико дар қазияи нафт бепосух нахоҳад монд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Душман барои ба зону даровардани миллати Эрон бар фишори иқтисодӣ мутамаркиз шудааст, аммо бидонад: ин миллат ҳеҷ гоҳ ба зону дар намеояд ва зимни истифода аз фурсати таҳрим барои рушду шукуфоӣ, душманиҳои Амрикоро бепосух намегузорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе, дар оғози ҳафтаи кору коргар, дар дидори ҳазорон нафар аз коргарони саноеи мухталиф, дар бораи талоши Амрико барои масдуд кардани роҳҳои содироти нафти Эрон афзуданд: Миллати фаъол ва масъулони ҳушёри Эрон нишон додаанд, агар ҳиммат кунанд, ҳамаи бунбастҳоро мешикананд ва қатъан ин талоши амрикоиҳо ҳам ба ҷое намерасад ва ҷумҳурии исломӣ ҳар миқдор лозим дошта бошад ва ирода кунад, нафт содир хоҳад кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ёдоварии як нуктаи муҳим хитоб ба душманони миллати Эрон таъкид карданд: Бидонед, душманиҳои шумо бепосух нахоҳад монд ва миллати Эрон миллате нест, ки зидди ӯ кору тавтеа кунанд ва ӯ бинишинад ва тамошо кунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар нуктае дигар дар заминаи ташдиди фишорҳои нафтии Амрико гуфтанд, коҳиши вобастагӣ ба фурӯши нафтро қадр ва навъе фурсат медонем ва аз он барои такяи бештар бар тавоноииҳои дохилӣ истифода мекунем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба иддаоҳои мақомоти амрикоӣ ва саҳюнистӣ афзуданд, онҳо мегӯянд, душмани низоми ҷумҳурии исломӣ ҳастем ва бо миллати Эрон душманӣ надорем, аммо душманӣ бо ҷумҳурии исломӣ - душманӣ бо миллати Эрон аст, зеро ҷумҳурии исломӣ ба кумак ва мадади мардум барпост ва агар кумаки мардум набуд, ҷумҳурии исломӣ набуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд, ҳамон гуна, ки ахиран гуфта шуд, талошҳои душманон охирин нафасҳои душмании онон аст ва душманон саранҷом аз хусумат алайҳи миллати Эрон хаста хоҳанд шуд, аммо ин миллат аз кору талош ва пойдориву пешрафт ҳеҷ гоҳ хаста нахоҳад шуд.

 

Назарҳо