Апрел 24, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Зариф ба Трамп: Бозичаи дасти тими “Б” нашав!

Вазири умури хориҷаи Эрон бо хитоб қарор додани Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико, ба вай дар бораи фаъолиятҳои мухаррибаш зидди Эрон ҳушдор дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чаҳоршанбе бо интишори видеое, хотирагӯии Пампео аз дурӯғ, фиребкорӣ ва дуздӣ дар Созмони иттилооти марказии Амрико (СИА), дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт: “Пампео дар Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳам ба ҳамин кор идома медиҳӣ!”

Зариф ҳамчунин дар ин паёми твиттери хитоб ба Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико афзуд: “Трамп корзори интихоботии ту зидди мудохилоти аҳмақонаи пурҳазина буд ва дорудастаи табаҳкори ҷангталаб ва қассобҳо, тими бадноми “Б” (Болтон, Бенёмин Натанёҳу, Бин Салмон ва Бин Зоид), барои чизе бисёр фаротар аз он чӣ ту барои он чона мезанӣ, нақша кашидаанд”.

Вазири умури хориҷаи Эрон ба вазири умури хориҷаи Амрико тавсия кард, ки “Видео Войс” (филми “Войс” дар мавриди Дик Ченей, сохтаи 2018 ва номзади 8 Оскар) –ро бубинад.

Пампео ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи A&M – и Техас, дар бахше аз суҳбатҳояш гуфт: “Вақте ман раиси СИА будам, мо дурӯғ мегуфтем, фиребкорӣ мекардем, дуздӣ мекардем. Мо барои ин корҳо як давраи комили омӯзишӣ доштем. Ин ба шумо шукӯҳи таҷриба (озмун ва хато) –и амрикоиро ёдоварӣ мекунад”.

 

Барчасп

Назарҳо