Май 08, 2019 13:54 Asia/Dushanbe

Вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба иқдомоти ғайриқонунии Амрико алайҳи БАРҶОМ гуфт: Ҷумҳуриии исломӣ аз тавофуқи байналмилалӣ хориҷ намешавад, аммо бархе тааҳҳудот ва иқдомоти довталабонаи худро мутаваққиф мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар оғози вуруд ба Маскав гуфт: Иқдомоте, ки Амрико дар як соли гузашта, бавижа қабл ва баъд аз хурӯҷ аз БАРҶОМ анҷом дода, барои эҷоди вақфа дар идомаи кори ин тавофуқи байналмилалӣ будааст ва Эрон бо илм ба ин сиёсати Амрико. то кунун бо мадоро ва сабри роҳбурдӣ бархӯрд кардааст, аммо мутаассифона Иттиҳодияи Аврупо ва бақияи аъзои ҷомиаи байналмилал ин тавонро надоштаанд, ки дар баробари фишорҳои Амрико истодагӣ кунанд.

Зариф афзуд: Бар ин асос Эрон маслиҳат дида, ки бархе тааҳҳудот ва иқдомоте, ки ба сурати довталабона дар БАРҶОМ анҷом медод, феълан иҷро накунад.

Вазири хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки ин ҳақ барои Эрон дар БАРҶОМ дида шудааст гуфт: Бандҳои 26 ва 36-и БАРҶОМ чунин ихтиёреро ба Эрон ва албатта кишварҳои узв медиҳад, ки агар кишваре тааҳҳудоти худашро иҷро накард, онҳо ҳам тааҳҳудоти худро ба сурати ҷузъӣ ва куллӣ иҷро накунанд.

Зариф таъкид кард ин иқдом фурсате аст барои соири аъзо, ки  иқдомоти лозимро анҷом диҳанд на ин, ки сирфан ба судури баёния иктифо кунанд.

8-уми май солрӯзи хурӯҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) аст.

 

Назарҳо