Май 15, 2019 19:09 Asia/Dushanbe

Имрӯз, 25 –уми урдибиҳишт, баробар бо 15 –уми апрел Рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, бузург‏тарин ҳамосасарои эронӣ ва дар Эрон рӯзи бузургдошти забони форсӣ аст.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки аз бузургтарин сухансароёни эронӣ аст, мутаваллиди соли 319 ҳиҷрии шамсӣ дар рустои Бож (Пож), аз тавобеи Тобарони Тӯс дар Хуросони Бузург аст.

Шӯҳрати ҷаҳонии Фирдавсӣ ба хотири китоби “Шоҳнома” аст, ки вай сурудани онро аз даврони ҷавонӣ оғоз кард ва ба гуфтаи худи ӯ сӣ сол тӯл кашид.

Ин асари ҷовидони Фирдавсӣ, ки дар шумори беҳтарин осори ҳамосии ҷаҳон аст, ҳудуди панҷоҳ ҳазор байт дорад ва то кунун ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума шудааст.

 

Назарҳо