Май 15, 2019 19:47 Asia/Dushanbe
  • Эътои нишони Фирдавсӣ ба ҳунармандон ва фирдавсишиносони эронӣ ва рус

Ҳамзамон бо солрӯзи бузургдошти ҳаким ва шоири бузурги эронӣ - Абулқосим Фирдавсӣ, нишони олии фарҳангӣ – ҳунарии Фирдавсӣ дар маросиме ба чаҳор ҳунарманд ва фирдавсишиноси эронӣ ва рус эъто шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин нишон дар ҳузури ҷонишини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ба ду фирдавсишиноси эронӣ ба номҳои Фатҳуллоҳ Муҷтабоӣ ва Саҷҷод Оядонлу, Мустафо Саидӣ, ҳунарманди наққол ва Сергей Феофан, муҷассамасоз ва наққош аз кишвари Русия эъто шуд.

Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳаққӣ, устоди забон ва адабиёти форсӣ ва фирдавсишиноси бартари хуросонӣ дар ин маросим гуфт, “Шоҳнома” мутааллиқ ба ҳамаи миллатҳост ва танҳо дар миқёси қавми ориёӣ намегунҷад, балки ҳамаи башариятро шомил мешавад.

Ёҳаққӣ афзуд, Фирдавсӣ ҳам ҳакими ҷаҳоншумул аст ва паёми баргузории ҳамоишҳое бо мавзӯи Фирдавсӣ бояд таваҷҷуҳ ба ҷаҳонбинии он шоири бузург бошад.

Абдулғафури Орзу, фирдавсишинос ва сафири собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон низ дар ин маросим гуфт, “Шоҳнома” мутааллиқ ба Эрони бузурге аст, ки дар авохири қарни 19 –и мелодӣ ба 14 кишвар тақсим шуд, аммо ҳувияти фарҳангии ин 14 кишвар яке буд ва Фирдавсӣ садои чунин ҳувияте аст.

 

Назарҳо