Май 16, 2019 10:41 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Теҳрон ҳамчунон ба БАРҶОМ муътаъаҳид аст

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Теҳрон ба рағми хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ҳамчунон ба ин тавофуқи байналмиллалӣ пойбанд аст.

Ба гузориши ИРНО, Муҳаммадҷаводи Зариф дар дидор бо Таро Коно вазири умури хориҷаи Жопон дар Токио ҳамчунин ташдиди таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро ғайриқобили қабул хонд.

Таро Коно дар ин дидор ҳамчунин бо ишора ба равобити таърихии Эрон ва Жопон бар лузуми тавсеъа ва таъмиқи он ва тадовуми машваратҳои сиёсӣ миёни мақомоти ду кишвар таъкид карданд.

Баррасии паҳлуҳои мухталифи равобити дуҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрон ва Жопон буд.

Вазири умури хориҷаи Эрон бомдоди панҷшанбе барои дидор бо мақомоти жопонӣ вориди Токио шуд.

Зариф дар бадви вуруд ба Токио дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, барои машварат дар бораи иқдомоти танишзои Амрико ба Жопон сафар кардааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон хотирнишон кард бо таваҷҷуҳ ба танишзоиҳои ахири Амрико зарурат дорад гуфтугӯҳое бо шарикони муҳимми Ҷумҳурии исломии Эрон сурат гирад.

Зариф афзуд ба даъвати вазири умури хориҷаи Жопон, ки алоқаманд аст гуфтугӯе дар ин замина анҷом шавад, ба Жопон сафар кардааст.

Зариф асри чаҳоршанбе аз Диҳлии нав озими Токио шуд.

Давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар моҳҳои ахир иқдомоти танишзо ва ғайриқонунии фаровоне аз ҷумла хуруҷ аз тавофуқи ҳастаии Эрон анҷом додааст.

Трамп сешанбе 8 майи 2018 ба таври  якҷониба бо нақзи таъаҳудоти Вашингтон  дар робита бо БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ ру ба ру шудааст.

Назарҳо