Сентябр 05, 2019 13:11 Asia/Dushanbe
  • Иҷроии гоми севвум; вокуниши Эрон ба фурсатсузии Аврупо

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон ҳамзамон бо содир кардани фармони иҷроии гоми севвум коҳиши таъаҳудҳои БАРҶОМИИ Эрон 6 сентиябри 2019 гуфт: муҳлати 60 рӯзаи дигаре пеши рӯи аврупоиҳост ва ҳар замон ба таъаҳудҳои худ баргарданд, Эрон ҳам ба таъаҳудҳои БАРҶОМӢ бармегардад.

Ҳасани Рӯҳонӣ,чоршанбе шаб дар поёни нишасти сарони қувои сегонаи Эрон изҳор кард; дар чорчуби гоми севвум, Созмони энержии атомии Эрон ҳамаи таъаҳудҳои БАРҶОМӢ дар заминаи таҳқиқ ва тавсиъаро канор бигузорад ва густариши таҳқиқ ва тавсиъа дар заминаи анвоъи сонтиюгҳои нав ва ҳар ончи барои ғанисозӣ ниёз аст бо суръати амал анҷом диҳад.

Аврупоиҳо дар ҷараёни ду гоми пешини коҳиши таъаҳудҳои БАРҶОМИИ Эрон натавонистанд ниёзҳои Эронро дар чорчуби БАРҶОМ амалӣ кунанд ва ба ҳамин сабаб гоми севвуми Эрон  бо дастури Рӯҳонӣ аз рӯзи ҷумъа иҷроӣ мешавад.

Гоми нахуст ва дуввуми Эрон сатҳ ва мизони ғанисозии уранн таъйин шуда дар БАРҶОМро тағийр дод.

Бандҳои 26 ва 32 и БАРҶОМ иҷоза медиҳад ҳар кишваре ба таъаҳудҳои худ амал накунад,тарафи дигар метавонад таъаҳудҳои худро мутаносиб бо вазъияти мавҷуд коҳиш диҳад.

Хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ дар 8 моҳи май и 2018, бозгашти таҳримҳои ин кишвар зидди Эрон ва нотавонии Аврупо дар мавозинасозии таъаҳудҳои БАРҶОМӢ ва ҷуброни ҳазинаҳои БАРҶОМ минҳои Амрико,сабаб шуд Эрон дар масири коҳиши таъаҳудҳо гом бардорад.

Канор гузоштани ҳар гуна маҳдудият ва замонбандии густариши таҳқиқ ва тавсиъаи энержии сулҳомези ҳастаии Эрон дар БАРҶОМ дар чорчуби қавонини ожонси байналмилаллалии энержии атомӣ анҷом мешавад ва нақзи БАРҶОМ нест.

Ҳар се гоми Эрон дар заминаи коҳиши таъаҳудҳои БАРҶОМӢ баргаштпазир аст,ба шарти ин,ки аврупоиҳо таъаҳудҳои БАРҶОМии худро амалӣ кунанд. Эрон ҳамзамон бо бардоштани гоми севвум,2 моҳи дигар ба тарафи аврупоии Барҷом фурсат дод то бо музокира ва дипламатӣ роҳеро барои хуруҷ аз бунбасти БАРҶОМ биёбад.

Раиси ҷумҳурии Эрон дар ҳоле дастури тадовуми коҳиши таъаҳудҳои Барҷомиро содир кард,ки дар ду моҳи гузашта Фаронса талоши фаровоне кард то бо тарҳҳои мухталифи Эрон мутақоъид шавад гоми севвумро иҷроӣ накунад.

Талошҳои раиси ҷумҳурии Фаронса аммо ба ду иллат натавонист ризояти Эронро ҷалб кунад; нахуст ин,ки аврупоиҳо ҳамчунон иродаи воқеъӣ барои иҷроии БАРҶОМ аз худ нишон надодаанд ва ҳозир ба риск ва ҳазина кардан нестанд.

Дуввум ин,ки пешниҳодҳои Фаронса аз ҷумла матраҳ шудани як хати эътиборӣ ба арзиши 15 миллиард доллар барои наҷоти БАРҶОМ бо таъаҳудҳои 11 гонаи аврупоиҳо ҳамхонӣ надорад.

Дар ҳамин замина, Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар гуфтугу бо шабакаи РАША ТУ ДЕЙ дар бораи охирин вазъияти БАРҶОМ, гуфт; Аврупо ҳамчунон омодаи риск кардан барои ҳифзи БАРҶОМ нест.

 Риск нопазирии Аврупо ва ҳамхонӣ надоштани пешниҳоди Фаронса бо сатҳи таъаҳудҳои БАРҶОМии аврупоиҳо, нишон медиҳад тарафи аврупоии БАРҶОМ дар паи хуруҷи Амрико аз ин тавофуқи чандҷониба наметавонад ва ё иҷоза надорад БАРҶОМРО аз бунбасти кунуни хориҷ кунад ва наҷот диҳад.

 Изҳориназари Жон Ив Ле Дриан , вазири хориҷии Фаронса бинобар ин,ки амалӣ нашудани хати эътибории 15 миллиард долларӣ ба иҷозаи давлати Амрико манут аст, нишон аз нотавонии Аврупо дар баробари Амрико дорад.

Тадовуми вазъияти мавҷуди мавриди ризояти Эрон нест,ба вижа ин,ки Амрико бо тадовуми таҳримҳо рушноии масири гуфтугуҳо ва фурсат ба дипламатиро торик ва ториктар мекунад.

Тағийри сатҳ ва андозаи ғанисозии уранн дар БАРҶОМ ва акнун канор гузоштани замонбандӣ ва маҳдудият дар заминаи тавсиъа ва пешрафти сулҳомези ҳастаӣ ба маънои бархурд ва рафтори Эрон бо БАРҶОМ ба сабки аврупоиҳост, чаро,ки ҳаёти тавофуқи чандҷонибаи БАРҶОМ дар гарави амалӣ шудани таъаҳуди ҳамаи тарафҳост.

Барчасп

Назарҳо