Сентябр 08, 2019 13:29 Asia/Dushanbe

Раиси анҷумани мӯбадони зартуштиёни Эрон бар иродати ҳамкешонаш ба соҳати муқаддаси Имом Ҳусайн(а) таъкид кард.

Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, мӯбад Ардашери Хуршедиён, раиси анҷумани мӯбадони зартуштиёни Эрон бо ҳузур дар маросими азодории Имом Ҳусайн(а) дар Теҳрон гуфт: Имом Ҳусайн(а) фақат мутааллиқ ба мусулмонон нест, балки мутааллиқ ба ҳама башарият ва ҷаҳониён аст ва зартуштиён аз куҳантарин замонҳо, дар маҷолиси азодорӣ ширкат мекарданд.

 

Назарҳо