Сентябр 08, 2019 15:24 Asia/Dushanbe
  • Гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳафтуми июл, пас аз поёни мӯҳлати 60 рӯзаи худ ба аврупоиҳо барои иҷрои тааҳҳудоти барҷомӣ, фароянди убур аз сатҳи ғанисозии 3/67 дарсадро оғоз кард.

Эрон ҳамчунин ба аврупоиҳо ҳушдор дод, агар тааҳҳудоти худро иҷро накунанд, ҷумҳурии исломӣ гоми севумро муҳкамтар бармедорад. Акнун гоми севуми Эрон бардошта шудааст.

Беҳрӯзи Камолвандӣ, муовини умури байналмилал, ҳуқуқӣ ва маҷлис ва сухангӯи Созмони энержии атомӣ рӯзи шанбе (16 шаҳривармоҳ) зимни ташреҳи иқдомоти фаннии Эрон дар гоми севум, аз оғози газдиҳӣ ба сонтрифюжи пешрафтаи “IR6” дар як занҷираи 20 тоӣ ва иқдомоти фаннии дигар дар фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон хабар дод.

Ин иқдоми Эрон, ки монанди ду гоми қаблӣ дар чорчӯби созукорҳои пешбинишуда дар БарҶом анҷом шуд, он гуна, ки қобили пешбинӣ буд, бо фазосозиҳои хаёлии Амрико ҳамроҳ шуд.

Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико дар мавзее фарофиканона иддао кард, ин воқеият, ки Эрон зарфияти густурдаи ғанисозии уранро ҳифз мекунад, заъфи аслии тавофуқ бо Эронро нишон медиҳад.

Жерард Оруд, сафири собиқи Фаронса дар Вашингтон дар вокуниш ба твитти вазири хориҷаи Амрико ва иттиҳомоти вай алайҳи Теҳрон навишт: “Агар Эрон ба тадриҷ дар ҳоли хуруҷ аз БарҶом аст, ба хотири ин аст, ки Амрико тавофуқе, ки рӯйи он музокира шуда будро рад карда ва таҳримҳое, ки нақзи ин тавофуқ маҳсуб мешавадро бозгардондааст”.

Камолвандӣ дар нишасти хабарӣ бо баёни ин ки Теҳрон феълан қасде барои эъмоли маҳдудият дар назоратҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар хусуси БарҶом надорад, ёдовар шуд, бо бардошта шудани гоми севум, Эрон ба поёни иҷрои тааҳҳудоти худ дар ҳавзаи фаннӣ ворид мешавад ва ин паёми возеҳе аст, ки то замоне, ки тааҳҳудоташонро анҷом надиҳанд, набояд интизор дошта бошанд, ки Эрон тааҳҳудоташро анҷом диҳад.

Гоми севуми Эрон дар воқеъ посухе ба нотавонии Иттиҳоди Аврупо дар амал ба ваъдаҳояш дар заминаи роҳандозии механизми молӣ ва ҷуброни хисороти ношӣ аз сиёсатҳои Амрико дар ба сифр расондани содироти нафти Эрон аст.

Леонид Слутский, раиси Кумитаи равобити хориҷии Думаи Русия низ дар изҳороте, гоми севуми Эрон дар коҳиши тааҳҳудоти худ зайли тавофуқи ҳастаӣ (БарҶом)-ро посухе ба таҳримҳои Амрико ва бадқавлиҳои Аврупо дониста мегӯяд: “Амрико як ҳадафи равшанро дунбол мекунад: маҷбур кардани Эрон ба тарки БарҶом ва ниҳоятан мутақоид кардани Аврупо ба эҳёи бастаи зиддиэронӣ ва иқдомоти маҳдудкунанда таҳти контрол ва назорати Амрико”.

Табиист, ки ҳар тасмиме, ки Эрон дар заминаи бозгашт ба сатҳи болотаре аз ғанисозӣ барои таъмини сӯхти мавриди ниёзи нерӯгоҳ ва реактури таҳқиқотӣ бигирад, бар асоси ҳуқуқи машрӯи фаъолиятҳои сулҳомез ва муқаррароти ожонс ва ношӣ аз дониш ва доштани салоҳияти лозим дар ин арса аст. Зарфият ғанисозӣ ва дониши ҳастаӣ дар Эрон акнун тасбит шуда ва гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ низ ҳамин назарро таъйид мекунад.

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳам ба унвони ниҳоди зисалоҳи нозир бар фаъолиятҳои ҳастаӣ, дар замони тасаддии Юкиё Амоно, дар понздаҳ гузориши барҷомӣ ожонс пойбандии комили Эрон ба тааҳҳудотро таъйид кард ва пас аз даргузашти Амоно, Карнел Ферута, сарпарасти муваққати ожонс низ дар нахустин гузориши худ ин мавзӯро таъйид кард.

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунин дар вокуниш ба севумин гоми Эрон эълом кард, ки бозрасони ин ниҳод дар Эрон ҳастанд ва аз ахбори расонаҳо низ дар иртибот бо тавсеа ва таҳқиқоти сонтрифюжҳои Эрон огоҳӣ доранд.

Дар идомаи ин таомул ва ҳамкорӣ, Карнел Ферута, мудири муваққати ин ниҳод дар сафари имрӯзи худ ба Теҳрон низ аз наздик нозир бар раванди фаъолияти пешрафти Эрон дар ин арса хоҳад буд.

 

Назарҳо