Сентябр 10, 2019 16:10 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Зариф ба намоиши ҷадиди Натанёҳу

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар Твиттер ба намоиши ҷадиди Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ зидди Эрон вокуниш нишон дод.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба намоиши ҷадиди нахуствазири режими саҳюнистӣ ва бо замима кардани иддаоҳои вай дар соли 2002 ва қабл аз ҳамлаи Амрико ба Ироқ дар яке аз ҷаласоти шунуд дар Конгресси Амрико, дар Твиттер навишт: “Дорандаи таслиҳоти ҳастаии “воқеӣ” ҳамонанди чӯпони дурӯғгӯ дар бораи як сайти тахрибшудаи иддаоӣ дар Эрон, фарёд мезанад”.

Зариф афзуд, Натанёҳу ва тими “Б” бетаваҷҷӯҳ ба хуни бегуноҳон, фақат ба дунболи ҷанг ҳастанд.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе дар идомаи сенариясозии худ бо такрори иддаоҳои беасос, бори дигар Эронро ба талош барои сохти бомбаи ҳастаӣ муттаҳам кард.

Иддаоҳои беасоси Натанёҳу дар ҳоле такрор шуд, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ имрӯз, душанбе дар тозатарин гузориши худ бори дигар пойбандии Эрон ба БарҶомро таъйид кард.

Дар ростои ҳамкориҳои мудовими Эрон ва ожонс, Карнел Феруто, мудири кулли муваққати ин ниҳоди байналмилалӣ якшанбеи гузашта ба Эрон сафар кард.

Феруто рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ дар Вена, пойтахти Утриш эълом кард, ожонс ва Эрон ҳамчунон ба БарҶом мутааҳҳиданд.

Вай дар бораи иддаоҳои режими саҳюнистӣ дар бораи вуҷуди сайтҳои махфӣ дар Эрон таъкид, ки наметавон бо фарзиёт дар бораи барномаи ҳастаии Эрон қазоват кард.

Хашму нигаронии нахуствазири режими саҳюнистӣ дар қиболи коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар қиболи БарҶом дар ҳолӣ аст, ки тамоми фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомези Эрон бар хилофи ин режим, зери назари Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ аст.

 

Назарҳо