Сентябр 11, 2019 12:36 Asia/Dushanbe
  • Масҷидӣ шаҳодати зоирони ҳусейнӣ дар Карбалоро таслият гуфт

Эраҷ Масҷидӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Бағдод дар паёме шаҳодати ҷамъе аз зоирони ҳусейнӣ (а) дар ҳодисаи рӯзи сешанбе дар шаҳри Карбалои муаллоро таслият гуфт.

Ба гузориши ИРНА, сафири Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаваодаҳои шуҳадои ин ҳодиса аз Худованди муттаол барои онон волотарин дараҷот ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил масъалат кард.

Рӯзи сешанбе бар асари издиҳоми ҷамъият дар ҷараёни маросими Ошурои Ҳусейнӣ дар Карбалои муалло дастикам 31 азодори ҳусейнӣ ҷони худро аз даст доданд ва 100 тани ҳам захмӣ шуданд.

Беш аз 4 миллион зоири ҳусейнӣ рӯзи сешанбе дар рӯзи Ошуро дар Карбалои муалло ҳузур доштанд.

 

Барчасп

Назарҳо